Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта шуданд.Ин иқдом бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳалӣ ва ташкилоти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади иҷрои Фармони мазкур аз 18 марти соли 2024 барои омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, бо иқдоми роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишии забони англисӣ дар Палатаи ҳисоб ба роҳ монда шуда, ба муҳлати якуним сол тамоми кормандони соҳа дар вақтҳои муайян ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб гардидаанд.
Ин иқдоми созанда дар раванди ҳамкории байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд, бо техника ва технологияи ҳозиразамон шинос ҳастанд, нақши асосӣ гузошта, ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забондонии кормандони давлатиро яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор ҳисобида, дар суханрониҳояшон иброз медоранд, ки “Ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст”.
Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлатӣ дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.
Дарвоқеъ, бо тақозои замон имрӯз ҳар фарди бедордил бояд барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва барои баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳад.
Кормандони Палатаи ҳисоб моҳияти Фармони мазкурро хуб дарк намуда, ин иқдоми наҷибу созандаро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои дар сатҳи зарурӣ аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ аз тамоми имконияту воситаҳои фароҳамгардида истифода менамоянд.
Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ВАО-и
Раёсати таҳлил, рушд, стандарт ва
ҳамкориҳои байналмилалӣ Наҷмуддинзода Х.М.