20 сентябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарон тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар кори он раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Кумита муҳтарам Чиллазода Қарахон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаноби Вугар Гулмамедов, муовини аудитори генералии Идораи аудити давлатии Гурҷистон хонум Софио Двалишвили, муовини директори кулли Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ ҷаноби Ола Хоем менеҷери Ширкати Британияи Кабир “СИПФА” хонум Сара Бринвуд ва аъзоёни Идоракунии Лоиҳа иштирок намуданд.
Дар кори он, масъалаҳои мубрам аз қабили раванди амалишаваии Лоиҳаи дасгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025, ҳисобот оид ба натиҷаи марҳилаи якуми Лоиҳаи “Муштараки дастгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар 8 моҳи соли равон ва ворид намудани тағйирот ба нақшаи чорабиниҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки Идораи аудити давлатии Гурҷистон ҳамчун шарик дар доираи барномаи Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии мақоми олии аудит ҷиҳати дастгирии кумаки машваратию амалӣ пазируфта шуд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид. Маврид ба ёдоварист, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ ба Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии мақоми олии аудит шомил гардида, барои давраи солҳои 2023-2025 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар анҷоми вохӯрии имрӯза иштироккунандагон ба мувофиқа омаданд, ки вохӯрии навбатӣ 19 феврали соли 2025 баргузор хоҳад шуд.