Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки на ҳама сарварони давлатҳо
ба таърих ҳамчун Пешвои миллат ворид гардида, халқи худро аз парокандагӣ,
миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳанд.
Давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар
марҳилаи аввали Истиқлолият — дар ибтидои солҳои 90-уми асри 20 ба мушкилоти
азими сиёсӣ, ки ба даргириҳои шадиди дохилӣ мубаддал гашт, рӯбарӯ шуданд. Додгоҳи
таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёрӣ бо сабабҳои
зиёди дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.
Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум)
танҳо ягона роҳи наҷоти Ватан буд.
Тибқи қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти
таъмини шароити амнияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар вазъи ҳассос
ва аз нигоҳи сиёсӣ ноором доир гардида, дар он бо раъйи бештари вакилон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Он рӯзи таърихиву сарнавиштсоз ва наҷотбахши миллати тоҷик, яъне 16 ноябри соли
1992 дар саҳифаҳои таърихи навини ҷумҳурии мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Зеро Пешвои миллат чун сиёсатмадори даврони нав бо қалбу
нияти пок, ҷасорату далерӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватани азизи худ ба арсаи
сиёсат қадам ниҳоданд. «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман дар Тоҷикистон
сулҳро барқарор менамоям, дар ин роҳ ҷони худро медиҳам. Ман тарафдори давлати демократии
ҳуқуқбунёд мебошам, ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард….». Ин
паёми умедбахш ва боваринок дар суханронии нахустини Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон садо дод ва татбиқи амалии ин суханони арзишмандро таърих собит
намуд.
Саҳифаҳои таърих дар ёд дорад, 16 ноябри соли 1994 дар
иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ
кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Таърихи замони Истиқлол собит кард, ки интихоби шакли
идораи президентӣ интихоби оқилонаи миллат буд. Сулҳу субот ва созандагиву бунёдкориҳое,
ки имрӯз дар кишварамон дорем, самараи шакли идораи президентӣ ва сиёсати хирадмандонаи
Президенти маҳбуби кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Президенти мамлакат то ба имзо расидани Созишномаи
умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, ки зиёда
аз 40 моҳ идома ёфт, 21 маротиба бо сарварони собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик музокира
намуда, 40 ҳуҷҷати барои тақдири миллат муҳим ба имзо расониданд.
Пешвои миллат ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба Ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос
намекарданд, руҳашон барои зиндагии нотинҷи ҷумҳурӣ, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон
азият мекашиду қалбашон ба мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин вазъияти хеле душвор
ва нобасомон пайваста ба мардуми фирорӣ таъкид менамуданд: «Ҳамватанони азиз, ба
Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем,
бо ҳам мехӯрем».
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориву аз худ гузаштанҳои
Пешвои миллат буд, ки дар ҷумҳурии мо сулҳ шуд, оромӣ шуд ва давоми солҳои
1993-2000 ҳамагӣ 950 ҳазору 599 нафар ба ҷойи зисти аввала баргаштанд. 36 ҳазор
хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар муддати кӯтоҳ барқарор гардид.
Дар замони соҳибихтиёрӣ дар ҷумҳурӣ маҳз таҳти сарвариву
роҳбарии марди шуҷоъ муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократии
дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва миллӣ асоси қавӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои
давлатӣ – Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, инчунин, Конститутсия ва пули
миллӣ гардид, Артиши миллии хешро таъсис додаву устувор намуд.
Натиҷаи сиёсати бобарору хирадмандонаи Пешвои
миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои
азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ
тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушд
намуд.
Ҳамин ҷоннисориҳои Сарвари давлат буд, ки 16 ноябр
дар саросари кишвари мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо хеле азизу гиромист.
Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд
ва имрӯз то куҷо расидем.
Барои мисол, дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари
давлат
давоми бисту се соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар
сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз 1,8 миллиард
сомонии соли 2000-ум ба 130 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд.
Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999
ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуда, ҳамасола сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан
баланд мегардад. Даромади пулии аҳолӣ аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017, ба
112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 3,3 баробар зиёд гардид,
ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовард ва нишондиҳандаи беҳтарини даврони соҳибистиқлолӣ
ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат
– таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар зарфи беш
аз се даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ
бунёд гардида, қариб 3000 километр роҳҳои замонавӣ, пулҳо ва эстакатаҳо сохта
шуданд.
Дар шаҳру деҳоти мамлакат қомат афрохтани садҳо бинои
маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият пардохтани корхонаву коргоҳҳои гуногун,
бунёди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ, азнавсозии роҳу пулҳо
маҳз хизматҳои бузург ва таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сохтмони бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ
бо қудрати беҳамтои руҳиву равонии бузургтарин фарзанди нобиғаи даврони мо - муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, алҳол бо суръати баланд идома дорад.
Сарвари давлат дар баланд бардоштани
обрӯву эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, дар баррасӣ
ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди
хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории
муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, таъмини аҳолии сайёра
бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои
он саҳми назаррас доранд.
Дар ин радиф, бо шарофати сиёсати хирадмандонаву
дурнигаронаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкории худро бо шарикони байналмилалӣ,
ҳамчун узви фаъол амалӣ
менамояд.
Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони
Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон эълон гардидани соли 2003 «Соли
байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт»,
соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Солҳои 2018 – 2028 – солҳои
об барои рушди устувор», Соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун
«Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ва эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои
дастгирии илмҳои яхшиносӣ» тасдиқи ин гуфтаҳост.
Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои
давлати навбунёди муосир, тоҷикону тоҷикистониён саҳми бузург ва нақши бунёдгузориро
дорад.
Аз ин хулоса бароварда
мешавад, ки дастоварду пирӯзиҳои бесобиқаи замони соҳибистиқлол - мо, мардуми соҳибтамаддуни
тоҷик, аз ҷумла кормандони Палатаи ҳисобро водор менамоянд, ки бештар аз пештар
бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, фазои орому осуда, давлати соҳибистиқлол, Ватани
азизу соҳибихтиёр ва Пешвои дилсӯзу ғамхор баҳри ноил гардидан ба навгониҳои бузурги
иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ, содиқона заҳмат
кашида, бо ифтихори баланди ватандорӣ озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу
давлатиро ҳифз намоем, Ватани маҳбуби худро ободу пешрафта гардонда, нуфузу
обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Дар фарҷоми сухани хеш
ин рӯзи муборакро ба кулли шаҳрвандоне, ки дар дохилу хориҷӣ кишвар зиндагӣ мекунанд
табрик гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавому комил ва ба мардуми Тоҷикистон
суботу амнияти пойдор ва рушди устуворро дар партави сиёсати хиарадмандонаи Пешвои
муаззами миллат таманно менамоям.