Бо мақсади омӯхтани таҷрибаи корӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти Идораи давлатии аудити Гурҷистон ҳайати кормандони Палатаи Ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 14 сентябри соли 2024 ба Гурҷистон сафари омӯзишӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳою мулоқотҳо вобаста ба мавзуъҳои мубрам оиди таҳияи методологияи муосири аудит дар асоси талаботҳои Стандартҳои байналмилалии мақоми олии аудит (ИССАЙ), банақшагирии аудит аз рӯйи хавфҳо, омодабошӣ, гузаронидан ва таҳияи ҳисобот аз натиҷаи аудити молиявӣ ва мутобиқат дар алоҳидагӣ, таъмини кафолати сифати аудит ҳамкорӣ бо Парлумон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, фаъолияти бахши матбуоту таҳлили маводҳои нисбати мақомот нашрмегардида, инчунин, тавсияҳои аудит ва раванди назорату мониторинги иҷрои онҳо муколамаи созанда баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки нақши ниҳоди олии аудити Гурҷистон дар рушди аудити давлатӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон муҳим буда, кормандони он дар якчанд гурӯҳҳои кории Созмони байналмилалии мақоми олии аудит (ИНТОСАЙ) фаъолона иштирок менамоянд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шомил гардидан ба Барномаи Ташаббуси ҷаҳонӣ оид ба ҳисоботдиҳии мақоми олии аудит бо миёнравии Ташаббуси Рушди ИНТОСАЙ ҳамчун баҳрагиранда бо шарикони рушд ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ менамояд, ки Идораи аудити давлатии Гурҷистон низ омодагии худро ҳамчун шарик баён намуд.
Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ВАО-и
Раёсати таҳлил, рушд стандарт
ва ҳамкориҳои байналмилалӣ
Наҷмуддинзода Х.М