logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки яке аз бузургтарин ҷашни миллӣ ва бостонии тоҷикон мебошад, бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои он ботантана таҷлил гардид.

Иштирокдоронро раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрик намуда, доир ба анъанаю суннатҳои наврӯзӣ ва ҷойгоҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар таҳкими дӯстиву рафоқат, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии халқу миллатҳое, ки дар ҳавзаи тамаддуни Наврӯз кору зиндагӣ менамоянд, сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷашни бостонии Наврӯз-рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пайванди наслҳо бо арзишҳои асили миллӣ мебошад. 

Ин ҷашни бостонӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо талошу ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сатҳи баландтарини сиёсиву фарҳангӣ расида, ҳамчун нишони ваҳдату худшиносии миллӣ муаррифӣ гардид. 

Наврӯз ҳамчун василаи таҳкими сулҳу субот ва густариши ҳамбастагӣ эътироф шудааст.

Таъкид гардид, ки  бо ибтикори Пешвои миллат, Наврӯз ба як падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфт, ки имрӯз онро дар бисёр кишварҳои дунё таҷлил мекунанд. Ба феҳристи мероси фарҳангии башарият ворид шудани Наврӯз, мақому манзалати миллати тоҷикро дар ҷаҳон боло бурд. 

Дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯст, Наврӯз арзишҳои гуногуни инсонӣ, ба монанди сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро талқин мекунад.

Имрӯз ҳар як фарди ватандӯст бо ифтихор эҳсос мекунад, ки Наврӯз зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи муттаҳидсозандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Ин ҷашн моро ба ободкорӣ, созандагӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ҳидоят мекунад. 

Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба Наврӯз, дар асл, арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва сиёсати хирадмандонаи давлат аст, ки бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи рушду инкишофи Тоҷикистони маҳбубро таъмин менамояд. 

Бигзор ин ҷашни муқаддас ҳамеша дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ рӯҳияи созандагӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватанро ҷовидона нигоҳ дорад. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои инсондӯстона, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон мебошад. 

Наврӯз ҷашнест, ки аз фарорасии фасли баҳор, эҳёи табиат, оғози корҳоикишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯзмужда медиҳад. Ин аст, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддиифарҳанги башарият дохил карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат ва роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, дар саросари ҷаҳон бо шаҳомат таҷлилмегардад. 

 

Хусусан таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷаллии тозапайдо намуд ва тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси бостонииниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолуваҳдат бо шукргузорӣ аз имрӯзу фардо таҷлил менамоянд.

Раиси Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед бо иштирокдорони базми наврӯзӣ аз гӯшаю хони наврӯзи, ки дар саҳни бинои Палатаи ҳисоб ороста ва ба намоиш гузошта шуда буданд, хусусан суфраҳои наврӯзӣ, гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, заргарӣ, либосҳои бо бренди миллӣ, таомҳои гуногуни тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, асбоби мусиқӣ тамошо намуданд. 

Санъаткорони шинохтаи кишвар барномаи ҷолиби консертии идонаро пешкаши иштирокдорони базми наврӯзӣ намуданд, ки он ба тантанаҳои идона шукуҳи тоза бахшид.

Таҷлили бошукӯҳи тантанаҳои наврӯзӣ дар мақомоти Олии аудити кишвар гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ, хусусан ҷашни ҷаҳонии Наврӯз арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамояд, зеро тамоми ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ буда, метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастию худшиносӣ ҳидоят намоянд. 

Ҷашни Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон эҳёи табиат, рӯзи нав, фараҳу шодӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, худшиносию ваҳдат ва ҳамзистии қавму миллатҳои гуногуни сайёра арзёбӣ мегардад.


07.04.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -