Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ҷонибҳои манфиатдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар меҳвари фаъолият қарор додааст. Ҳар як фикри муроҷиаткунанда ба инобат гирифта мешавад.
Дар самти ислоҳот ҷиҳати тақвияти аудити берунаи давлатӣ ва мутобиқ намудани фаъолият ба муосиртарин талаботу таҷрибаҳо, инчунин, мусоидат барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Шахсияти муроҷиаткунанда ва маълумот маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.