Заминаҳо барои таъсиси вохӯриҳо байни роҳбарони мақомотҳои олии назорати молиявии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2010 бо ташаббусҳои роҳбарони мақомотҳои олии назорати молиявии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузошта шуд. Айни замон ташкилоти мазкур аз мақомотҳои олии назорати молиявии 6 давлати узви СҲШ иборат буда, вохӯриҳои роҳбарон бошад дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Дар мувофақа бо ҷонибҳо ҳамоҳангсози ҳамкориҳо ба дӯши Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия вогузор карда шудааст.Вохӯрии нахустини роҳбарони мақоми олии назорати молиявии давлатҳои аъзои СҲШ 26 июли соли 2010 дар шаҳри Москва, Федератсияи Россия, сипас дар 23-24 апрели соли 2012 дар Шанхай ва 27 майи соли 2016 бошад дар шаҳри Остона Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардидааст. Вохӯрии навбатӣ соли 2018 дар шаҳри Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон дарназар дошта шудааст.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии созмони зикргардида узви комилҳуқуқ мебошад.