Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи худ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, аз ҷумлаи таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки терроризм ва ифродгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият, буда оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Аз ин рў ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва дар мутамаддитарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.
Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир, бидуни пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омўзишу олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифродгароӣ ҳанўз хатарҳо ташвишовар ва даҳшатафкан боқӣ мемонанд.
Маврди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм "Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025"-ро тасдиқ кард, ки дар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ кор пурзӯр карда мешавад. Ҳамзамон дар моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” мафҳуи терроризм ба таври рӯшану возеҳ шарҳ дода шудааст.
Дар ҳар як паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи доғи рўз–фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстримистӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад, ки бесабаб нест.
Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол - падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Барои пойдории сулҳу субот оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон, фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм дар замири ҷавонон тарбият кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ мебошад.