Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Мафҳуми терроризм ва роҳҳои пешгирии он

Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир хусусан Афғонистон ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Ин зуҳуроти номатлуб имрӯз ба яке аз мушкилиҳои асосӣ барои башарият боқӣ мондаааст. Пеш аз оне, ки дар мавриди ин даҳшате, ки сар то сари мардуми сайёраро такон додааст, сухан гуем, бояд қайд кард, ки истилоҳи террор аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд. Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.
Муҳақиқи рус А.Королев қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз солшумории мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев (ханҷардорон), ки дар асри 1 то милод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасониданд. Онҳо ба сифати силоҳ, ханҷар ё “сику” шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикариевчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид.
Экстремизм бошад аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) – фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад.
Боиси таасуф аст, ки имрӯз хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам зиёдтар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ба амал бароварда мешавад.
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.
Бо ҳамин далел, бештари ҷавонони моро аз дохили кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва қисмати дигарашонро , ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанад ва аз Исломи воқеӣ бӯ намебурданд бо роҳи фиреб ба ҷанги Сурия ҷалб намуданд ва имрӯз бархе аз онҳо кушта, дигарашон бедараканд то кунун.
Бояд тазаккур дод, ки мағзшӯии як қисмати мардуми тоҷик аз ҷониби хоинон дар солҳои 90-ум яке аз сабаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гашта буд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.
Вобаста ба ҳолате, ки имрӯз дар Афғонистон аст, бояд тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд, чунки пӯшида нест, ки мо бо бо кишвари ҳамсоя ҳамсарҳадем ва вазъиятро нодида нагирифта ҳушёрию омодагиро барои ҳимояи Ватан аз даст надиҳем.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима