Ба тоҷикӣ | На русском | In English

КОРРУПСИЯ - САБАБ ВА ШАРОИТҲОИ БА ОН МУСОИДАТКУНАНДА

 2023-05-26 151130304Шарифзода Шарифбек Мурод,
сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРРУПСИЯ - САБАБ ВА ШАРОИТҲОИ БА ОН МУСОИДАТКУНАНДА
Дар илми криминология то ҳол мафҳуми ягонаи сабабҳои љиноят пешниҳод нагардидааст. Аммо, ин масъала солҳои тӯлонӣ таҳлил гардида истода, дар айни замон вобаста ба он ҳаљми зиёди донишҳо гирд оварда шудаанд, ки дар сурати дуруст истифода намудан, онҳо метавонанд дар баландбардории самаранокии мубориза ба муқобили љинояткорӣ аҳамияти ҳалкунанда дошта бошанд. Тавре дар адабиёти илмӣ қайд мегардад, «омӯзиши сабабҳо ва шароитҳои љинояткорӣ комилан асоснок нест, зеро муайян намудани сарҳад байни сабабҳо ва шароитҳо душвор аст».
Масъалаҳои муайян кардани сабабҳо ва шароити љинояткорӣ дар маљмӯъ сабабҳои алоҳидаи намудҳои љиноят, аз љумлаи масъалаҳои муҳим, марказӣ, методологии илми криминологӣ мебошанд.
Оид ба сабабҳои љинояткорӣ афкори умумиљаҳонии криминологӣ назарияҳои зиёдеро ба вуљуд овардааст, ки мављудият ва рушди љиноятро кушода намудааст.
Вобаста ба мундариља ва маљмӯи сабабҳои љиноят се сатҳи сабабҳоро људо кардан мумкин аст (вобаста ба миқёси равандҳо ва падидаҳое, ки љиноятро муайян менамоянд):
1) сатҳи сабабҳои умумии иљтимоӣ;
2) сатҳи махсуси криминологӣ;
3) сатҳи инфиродӣ.
Омӯзиши сабабҳои содиршавии љиноятҳои коррупсионӣ нишон медиҳад, ки ин номгуйи ҷиноятҳо ба монанди дигар љиноятҳо вобаста ба омилҳои криминогенӣ, ба сабабҳои иљтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва идеологӣ људо мешаванд. Бинобар ин муҳаққиқон сабаби зиёд гаштани омилҳои коррупсионирро бештар ба шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин номукаммалии қонунҳо рабт дода, тањияи санадњои меъёрии њуќуќии босифат ва асоснокро таќозои замон меҳисобанд. Зеро муносибатњои муњимми љамъиятї тавассути санадњои меъёрии њуќуќї ба танзим дароварда шуда, њаматарафа ва мушаххас намудан, шаффоф будан, сода ва фањмо ифода ёфтани меъёрњои он кафолати таъмини ќонуният ва мустаҳкам гардонидани низоми давлатдорӣ мебошад. Маълумотҳои оморӣ нишин медиҳанд, ки соли 2019 аз љониби маќомоти Агентї 1247 лоињаи санадњои меъёрии њуќуќї баррасї гардида, дар 111 лоињаи он омилњои бавуљудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, љињати ислоњ ва такмил додани онњо ба 255 лоиња таклифњои пешгирикунандаи њолатњои коррупсионї манзур карда шудаанд.
Қишри дигари ҷомеа бошад, ин омилҳоро дар афзоиши бюрократикунонии ҳаёти љамъиятӣ ва беасос васеъ гардидани нақши давлат дар санҷишу тафтишҳои молиявӣ, савумин ба таҳаввулоти бозор ишора мекунанд. Робитаи байни коррупсия ва сабабҳое, ки онро ба вуљуд меоранд, дуљониба аст. Аз як тараф, ин мушкилотҳо коррупсиро шадидтар мекунанд ва ҳалли онҳо метавонанд ба коҳиши ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат кунад ва аз тарафи дигар, мушкилоти давраи гузаришро афзун намуда, ҳалли онҳоро халалдор месозанд.
Маљмӯи сабабҳо ва шароитҳои љиноятҳои мансабӣ марбут ба коррупсия аз ҳолатҳои зерин вобаста мебошанд: мављудияти шумораи зиёди санадҳои меъёрӣ, ки муносибатҳои якхелаи иљтимоиро танзим мекунанд, зиддиятҳоро ба вуљуд меоранд, инчунин камбудиҳо дар қонун ва иљрои қонун; набудани назорати муассири мақомоти давлатӣ, сарфи назар аз шумораи зиёди чунин мақомот вақте, ки ваколатҳои мақомот на ҳамеша ба таври возеҳ муайян карда мешаванд; набудани назорати самараноки љомеаи шаҳрвандӣ; љазодиҳии бесамари шахсони дар љиноятҳои коррупсионӣ гунаҳкор; паст будани самарабахши фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба муайян намудани чунин љиноятҳо.
Инчунин сабабҳои умумии иљтимоӣ аз мушкилоти саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва механизми самараноки танзими ҳуқуқии муносибатҳои молумулкии шаҳрвандон бармеояд. Тавре, ки Ю. Н. Румянтсев ва И. М. Середа қайд менамоянд, «Бӯҳрони ҳуқуқи суботӣ низоми иқтисодии давлатро вайрон мекунад: мављуд набудани механизмҳои муассири ҳуқуқие, ки ба пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои манфии сӯиистифода аз мансаб мегарданд, боиси љиноятҳои марбут ба коррупсия ва таҳдид ба низоми амнияти иқтисодӣ мебошанд».
Ғайр аз ин, зуҳуроти криминогении равандҳои иљтимоию иқтисодӣ хоси набудани амалҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти пасти ҳуқуқии ҳам аҳолӣ ва ҳам шахсоне мебошад, ки дорои салоҳиятҳои хизматии ихтиёрдорӣ намудани амволи дар ихтиёр доштаро доранд.
Зуҳуроти нигилизми ҳуқуқӣ ба амнияти аъзои љомеа аз љиҳати љисмонӣ, моддӣ ва инчунин шуури ҳуқуқии онҳо таҳдиди воқеӣ мекунад. Шаклҳои харобиовари нигилизми ҳуқуқӣ ба рушди иљтимоию фарҳангӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иқтисодии давлатӣ мо зарари азим мерасонад. Аз ин рӯ, љомеаи муосир ба таври возеҳ ба зарурати объективии ҳалли фаврии ин мушкилоти иљтимоӣ дар сатҳи љумҳуриявӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳамзамон, фаъолнокии пасти ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи моликияти шахсӣ ва мавқеи нисбатан заифи шаҳрвандии онҳо нисбати аҳамиятнокии тақсимоти одилонаи неъматҳои моддӣ аз баъзе љиҳатҳо бо нобоварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алоқаманд аст.
Мушкилоти бӯҳронии эътимоди қисмате аз аҳолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз низ вуљуд дорад. Коррупсияро танҳо бо роҳи ҳалли мушкилот ва шароите, ки онро ба вуљуд меоранд, коҳиш ва маҳдуд кардан мумкин аст, ҳалли ин мушкилот дар ҳама самтҳо тавассути муқовимати ҳамаљониба бо коррупсия имконпазир аст.
Сабабҳо ва шароитҳои љинояткорӣ бештар хусусияти иљтимоӣ доранд. Ба сабабҳои умумии љиноят (сатҳи умумии иљтимоӣ) таваљљуҳ намуда, қайд намудан зарур аст, ки ба онҳо падидаҳои гуногуни хусусияти иљтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ғоявӣ ва ахлоқӣ-маънавӣ дошта, аз љумла равандҳои љаҳонӣ шомил мебошанд. Онҳо ба муносибатҳои иқтисодӣ ва рафтори одамон дар соҳаи гардиши сарватҳои моддӣ таъсири гуногун мерасонанд ва амалан сиёсати мубориза бар зидди љинояткориро муайян месозанд. Тавре олимони соҳаи ҳуқуқ Л. М. Прозументов ва А. В. Шеслер, қайд менамоянд, «идеологияи истеъмолкунӣ дар љомеа ташаккулёфта заминаи маънавиро барои љинояткорӣ ба вуљуд меорад, зеро он низоми арзишҳоро дар шахс тағйир дода, дар мадди аввал ниёзҳои хусусияти моддӣ доштаро гузошта, ҳамзамон имконоти қаноатмандии ин ниёзҳоро бо роҳҳои љиноятӣ раво медонад».
Дар илмӣ криминология маъмулан дар љои аввал омилҳои иқтисодиро мегузоранд. Дар шароити Тољикистони муосир метавон гуфт, ки шиддат ёфтани фаъолияти љиноятӣ, коррупсия ва порагирӣ ба бунёди муносибатҳои бозорӣ дар кишвар бевосита рабт дорад. Ба сабабҳои иқтисодии ба порагирӣ баҳо дода, бояд қайд намуд, ки аксарияти онҳо дар замони ҳозира ташаккул ёфтаанд. Ба чунин омилҳо дохил мешаванд: камбизоатии умумӣ ва афзоиши тафриқаи амвол; бӯҳронҳои иқтисодӣ, ноустувории вазъи иқтисодӣ; принсипи иљозатдиҳанда, ки тақрибан ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисодиро фаро мегирад.
Бояд қайд намуд, коррупсия то даме мављуд аст ба давлат, бахусус ҳаёти хусусӣ, љамъиятӣ ва иқтисодӣ дахолат мекунад. Хусусияти давлати Тољикистон дар он аст, ки дар ҳаёти иқтисодии он на огоҳӣ, балки принсипи иљозатдиҳандагӣ ҳукмфармост, зеро дар ин љо бисёр чиз аз корманди идоракунии сохтори дахлдори давлатӣ вобаста аст. Дар сурати мављуд набудани чунин танзим, барои худсарии бюрократӣ ва порагирӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ғайр аз ин, музди меҳнати аксар кормандони давлатӣ аз сатҳи миёнаи љумҳурӣ камтар боқӣ мондааст.
Сабабҳои љиноятро он шароити воқеии зиндагие, ки одамон дар он амал мекунанд, муайян менамояд. Онҳо бар зиддиятҳои дар љомеа мављудбуда асос меёбанд. Аммо агар ин ягона шарти коррупсия мебуд, фаҳмонидани он душвор буд, ки чаро он ҳам ба он кишварҳое, ки аҳолии онҳо ба таври равшан ба ду гурӯҳи нобаробари камбағалон ва сарватмандон тақсим мешаванд ва ба он давлатҳое, ки ин хат дар онҳо хира шудааст, таъсир мерасонад.
Дар баробари ин, тавре амалия нишон медиҳад, тафовути аҳолӣ аз рӯи сатҳи даромад ба шиддати иљтимоӣ ва мутаносибан ба устувории вазъи иқтисодӣ таъсир мерасонад. Ҳамин тариқ, нобаробарии баамаломада боиси бӯҳрони иқтисодӣ мегардад ва дар натиља, афзоиши коррупсия эҳтимол дорад.
Шахсоне, ки бо содир намудани љиноятҳои коррупсионӣ ба давлат зарар мерасонанд, як қабати нисбатан маҳдудро ташкил медиҳанд ва шаҳрвандони оддӣ на ҳама вақт дар бораи фаъолияти онҳо огоҳанд. Сабаби коррупсияи оммавӣ, ки мардум аксар вақт дар ҳаёти ҳаррӯза дучор меоянд, камбизоатӣ мебошад. Тавре, ки дар адабиёти илмї ќайд гардидааст, сабаби ришвахорӣ фоидаи расмӣ барои гирифтани пора ва фоидаи тиљоратӣ ё хонаводагӣ барои додани пора мебошад.
Ба ин чунин омилҳои сиёсии љинояткории коррупсионӣ мансуб мебошад:
- дур шудани аксарияти аҳолӣ аз мақомот, алалхусус аз идораи амволи давлатӣ, қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ;
- имконияти воқеӣ барои намояндагони ҳукумат (пеш аз ҳама дар сатҳи мақомоти болоии он) барои манфиатҳои худ муайян кардани шаклҳои љазо барои рафтори коррупсионии хизматчиёни давлатӣ ё пешгирии муқаррар намудани масъулият барои онҳо;
- набудани назорати муассири парлумонӣ аз болои вазъи коррупсияи мансабдорони баландпояи давлатӣ;
- густариши фарогирии намояндагони гурӯҳҳои муташаккили љиноятӣ ва љомеаҳои љиноятӣ ба мақомоти давлатӣ;
- андозаи ниҳоят баланди дастгоҳи давлатӣ, ки табиист шароити музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва сифати назорат аз болои онҳоро бадтар мекунад;
-харобшавии низоми кӯҳнаи назорати ғайридавлатӣ аз болои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор;
- мављуд набудани механизми муассири сиёсӣ, ки ба маҳрумкунии босуръати ваколатҳои кормандони давлатӣ, ки дар назди аҳолӣ бо амалҳои (гирифтани тӯҳфаҳои гаронбаҳо, ҳузури муназзам дар зиёфатҳои тиљоратӣ ва ғ.) ба тариқи анъанавӣ машғулшаванда.
Ҳамин тавр, ба андешаи баъзе аз коршиносон, коррупсия ҳамарӯза бештар дар зеҳни як одами миёна ҳамчун як меъёри оддии муносибатҳои љамъиятӣ ба назар мерасад. Ғайр аз ин, қонунгузорӣ воқеан гирифтани тӯҳфаҳоро аз љониби кормандони муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ муайян намуда, арзиши онро низ пешбинӣ менамояд. Дар қонунгузорӣ норасоиҳо, ихтилофот ва зиддиятҳо байни санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки доираи шабеҳи муносибатҳоро танзим мекунанд љой доранд, инчунин мављуд набудани танзими нодурусти бисёр масалаҳо ва баъзан, баръакс, танзими аз ҳад зиёд ба бюрократия, худсарии мансабдорон ва рушди љиноятҳои коррупсионӣ боис шуда метавонад.
Ба ақидаи профессор Н. И. Гетман, тағйироти пай дар пайи дар тамоми маљмӯи заминаи қонунгузорӣ дар иқтисодиёт боиси номутобиқатии ҳуқуқӣ шудааст. Дар як қатор ҳолатҳо муносибатҳои иқтисодӣ дар якљоягӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ҳанӯз ҳам меъёрҳои давраи шӯравиро идора мекунанд. Ҳамин тариқ, мављуд набудани механизми самарабахши татбиқи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, хусусияти декларативии онҳо боиси аномия, беамалии қонун мегардад.
Назорати иљрои қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумат дар муқовимат бо коррупсия нақши муҳим мебозад. Аксар вақт ҳама чиз бо таҳия ва қабули қонунҳо маҳдуд мешавад ва ба назорати иљрои амалии онҳо диққати зарурӣ дода намешавад. Коррупсия на танҳо риоя накардани қонунҳо, балки аз сабаби камбудиҳо дар қонунгузорӣ ва номукаммалии он шуда метавонад. Одатан қонунгузорӣ дар давраи бӯҳронҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иљтимоӣ заиф аст. Набудани танзими зарурии ҳуқуқии рушди муносибатҳои нави иљтимоию иқтисодӣ, суст шудани назорати иљтимоии фаъолияти иқтисодӣ боиси афзоиши тамоюлҳои коррупсионӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти љамъиятӣ мегардад. Ин намуди робитаи қонунгузорӣ бо коррупсия ба равандҳои объективии иљтимоӣ-сиёсӣ вобаста аст.
Намуди дигари муносибати байни ин падидаҳо дар он зоҳир мегардад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ барои муљозоти ин зуҳуроти манфии иљтимоӣ аз таљовузи љиноятӣ меъёрҳои ҳуқуқие љорӣ карда мешаванд, ки дар ибтидо татбиқнашаванда ва баъдан дар таљриба ғайри қобили амал мебошанд. Барои ин якчанд маротиба такмил ёфтани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани пора, инчунин иғвои порагирӣ мисол шуда метавонад. Зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон» таҳти №1274 аз 15 марти соли 2016 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид гардида, мувофиқи он дар моддаҳои 319, 320 ва 321 ҷазо дар намуди ҷарима ҳамчун ҷазои асосӣ пешбинӣ гардида буд. Аммо баъди ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди татбиқ намудани ҷарима ҳамчун ҷазои асосӣ сатҳи содиршавии ин ҷиноятҳо рӯ ба афзоиш ниҳод.
Таҷриба нишон дод, ки ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ чораи таъсиррасонии натиҷабахш набуда, барои кам намудани сатҳи содиршавии чунин ҷиноятҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Таҳлили гузаронидашуда нишон дод, ки агар соли 2012 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 60 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 79 нафар бо моддаҳои 319-321 баррасӣ гардида бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2017 ба 84 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 119 нафар расидааст. Яъне, содиршавии ҷиноятҳои додану гирифтани пора ва иғвои порадиҳӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Дар дигар маврид аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки соли 2016 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ бо м. 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон 58 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 78 нафар баррасӣ гардида, аз ин шумора нисбат ба 21 нафар (26,9%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст. Бо м. 320 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 20 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 7 нафар (35%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин шудааст. Бо м. 321 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда нашудааст.
Соли 2017 бошад, аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ бо м. 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 90 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 26 нафар (28,8%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст. Бо м. 320 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон 17 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 22 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 8 нафар (36,3%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст. Бо м. 321 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 3 нафар баррасӣ гардида, ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда нашудааст.
Ин зарурият пеш омадааст, ки бо мақсади ба талаботи тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР) мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ дар мавриди пурзӯр намудани ҷазо нисбат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин аз байн бурдани ҷазои алтернативӣ оид ба ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
Дар байни омилҳои муайянкунандаи коррупсионӣ, сабабҳои ахлоқӣ ва равонӣ муҳиманд.
Сабабҳо ва шароити рӯҳии (психологии) љиноятҳои коррупсионӣ инҳоянд:
- анъанаҳои чандин асраи ришва ва тамаъљӯӣ дар хизмати давлатӣ дар Тољикистон;
- сатҳи анъанавии ҳамбастагии аҳолӣ бо меъёрҳои масъулият барои ришва;
- сатҳи нисбатан пасти дониши ҳуқуқии бархе аз аҳолии калонсол, ки онро дар ҳолати афзоиши вобастагӣ аз хизматчиёни давлатӣ мегузорад;
- омодагии маънавии қисми назарраси аҳолӣ ба ришва ба хизматчиёни давлатӣ барои татбиқи манфиатҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ;
- падидаи љиноятӣ мутақобилаи пора ва ришва.
Ба рӯйхати сабабҳо ва шароити љиноятҳои коррупсионӣ дар Љумҳурии Тољикистон, танҳо яке аз ин самтҳо асосӣ мебошад, зеро муайянкунандагони ин намуди љинояти коррупсионӣ дар тамоми соҳаҳои љомеа реша давонда, таҳқиқоти минбаъдаро талаб мекунанд.
Танҳо бо омӯзиш ва бартараф кардани ин сабабҳо мо метавонем чораҳои муассирро оид ба пешгирии љиноятҳои коррупсионӣ андешем, зеро татбиқи онҳо дар амалия вазифаи боз ҳам мушкилтар аст.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима