Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон

Ватани мо дар остонаи ҷашни бузург 28-умин солгарди “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар соли равон мо ин дастоварди таърихиро ҳамчун ҷашни муқаддастарини умумимиллӣ таҷлил мекунем, зеро он ба 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.
Истиқлолият неъмати ниҳоят бебаҳоест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқии сарнавишти хеш намуд.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад, ки он 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдориамон дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар кишвари мутамаддин ифодаи конститутсионӣ ёфтаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вақти қабул шуданаш то ба имрӯз дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллиро ба вуқуъ пайваст.
Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шаванд.
Аз ин нигоҳ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва гузашти таърихи башарият падидаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фаровонанд, ки вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа амалӣ гашта, барои тамини ҳадафҳои тараққиёт дар марҳилаи мушаххаси вақт поя ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Бо ҳамин хотир, се маротиба яъне 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд.
Тағйироту иловаҳои ҷиддӣ вобаста ба ташкилу фаъолияти парлумони ҷадид соли 1999 бештар ба боби сеюми Конститусияи кишвар дохил карда шуда, моҳиятан он дар таҳрири нав қабул гардид. Тағйироту иловаҳои ин боб вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи нави мувофиқа ба моддаи 9 Сарқонун дигаргун сохт. Аввалин бор дар моддаи 48 Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар ин асос Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҷумҳурӣ дониста шуда, таркиби дупалатагии (думаҷлисаи) он муқаррар карда шуд. Маҷлиси Олӣ аз Маҷлиси миллӣ – палатаи намояндагии минтақаҳо ва ҳокимияти иҷроия, Маҷлиси намояндагон – палатаи касбӣ иборат гардид.
Дар моддаи 49 усулҳои асосӣ, тартиби ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, талаботҳо (шартҳо) нисбати номзадҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муайян карда шуданд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ ва фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ дониста шуд.
Дар моддаи 50 ва 51 тартиби интихобнашудан ва мувофиқ набудани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, дахлнопазирии онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ гаштани ваколати онҳо муайян карда шудааст.
Вобаста ба ин навовариҳо шакл ва тартиби амалӣ намудани ваколати палатаҳо муқаррар карда шуданд. Мувофиқи моддаи 52 шакли иҷлосиявии кори палатаҳо, дар як сол на камтар аз чор бор аз тарафи раиси Маҷлиси миллӣ даъват гаштани иҷлосияи он, гузаронидани иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн муайян карда шуд.
Моддаи 53 Конститутсия тартиби интихоби раисони палатаҳо ва муовинони онҳо, мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории онҳо, кумита ва комиссияҳои дахлдор ва самти фаъолияти онҳоро нишон додааст. Муқаррар карда шуд, ки ҷаласаҳои ҳар як палата алоҳида мегузаранд.
Масъалаи муайян кардани салоҳияти палатаҳо дар ҳадди конститутсионӣ масъалаи мураккаб буд. Зеро, ки дар тақсими ваколатҳо бояд манфиати шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба назар гирифта мешуд. Тадбиқи амалии усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба дасти як шохаи ҳокимият ҷамъ омадани тамоми ҳокимиятро пешгирӣ карда, бояд ба тавлиди низоми худкомаи сиёсӣ роҳ намедод. Аз ин рӯ, баробари тақсими ваколатҳо дар байни палатаҳо инчунин масъалаи алоқамандии онҳо бо салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби чоруми Конститусия ҳаллу фасл карда мешуд. Бо назардошти ин омилҳо дар моддаи 55 мавридҳои гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи палатаҳо нишон дода шуданд. Ваколатҳои Маҷлиси миллӣ (моддаи 56) алоҳида ва ваколатҳои Маҷлиси намояндагон алоҳида (моддаи 57) пешбини гардиданд.
Дар ҷаласаҳои якҷояи палатаҳо асосан баррасии масъалаҳо ба ду гурӯҳ матраҳ карда мешаванд. Гурӯҳи якум аз тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи ташкили Ҳукумат, таъин ва озод кардани ҳайати он, дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда, ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ иборат дониста шуд. Ба гурӯҳи дуюм ваколатҳое шомил дониста шудааст, ки ба интихобот ва қабули истеъфои Президент, ба муайян кардани имтиёзҳо ва дахлнопазирии ӯ алоқаманд мебошанд. Инчунин маросими савгандёдкунӣ ва баромади Президент бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи якҷояи палатаҳо сурат мегирад.
Ҳамчунин ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ мувофиқи моддаи 56 Конститусия масъалаҳои таъсису барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо, интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои бекор кардани дахлнопазирии онҳо, ризоият ба таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ илова карда шуд.
Дар масъалаи муайян кардани субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба матни нави моддаи 58 тағйирот дохил карда шуда, субъекти муқаррарии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ будани мақомоти судии ҷумҳурӣ бо ҳолати нав «…оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд» маҳдуд карда шуд.
Оид ба лоиҳаи қонун дар бораи авф муқаррар карда шуд, ки онро Президент ба Маҷлиси намояндагон ва лоиҳаи қонун дар бораи буҷет, муқаррар ва бекор кардани андозҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (моддаи 59).
Таҳрири нави моддаҳои 60-62 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби баррасӣ ва қабули қонунҳоро аз тарафи Маҷлиси намояндагон, тартиби ҷонибдории қонунҳоро аз тарафи Маҷлиси миллӣ, тартиби барои имзо намудан ба Президент пешниҳод кардани қонун ва баррасии он ҳангоми ҷонибдорӣ наёфтан ё ба имзо нарасидан танзим намудаанд.
Моддаи 63 муқаррар кард, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонад пеш аз мӯҳлат дар ҷаласи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ғайр аз вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ ихтиёран пароканда шавад.
Дар баробари дигар тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 воридкардашуда, ҳамчунин муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол ва муҳлати судяҳо ба даҳ сол расонида шуд.
Мутобиқ ба тағйиротҳои охирине, ки 22 майи соли 2016 ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, “Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад”.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд”.
Ҳамаи ин тағйиротҳо ба рушди минбаъдаи қонунгузории конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити арзанда дар ҳаёти ҷомеаи навину демократии шаҳрвандони кишварамон нақши созгор гузошт.
Ғайр аз ин тағйиру иловаҳои воридгардида ба муккамал гардидани меъёрҳои Конститутсияи мамлакат равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ҳамрадиф буда, қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадафи он дифо аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Зарурияти қабули тағйиру иловаҳоро як қатор олимину коршиносони кишвар иқдоми неки пайгирона хонда, тағироти пешниҳодшударо ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати риояву ҳифзи онҳо раб намудаанд.
Воқеъан ҳам, мукаммалсозии меъёрҳои конститусионӣ ба рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи муҳайё намудани шароити кафолати давлатии он мебошад. Ҳамчунин ин ташаббуси қонунгузорӣ ба маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фаъолнокии сиёсӣ вобастагӣ дошта такмил додани муқаррароти конститусионӣ ҷанбаи илмиву мантиқӣ, аз нигоҳи зарурат ва моҳият саривақтиву ҳадафмандиро дар бар мегирад.
Ғайр аз ин, тағйиротҳои мазкур имкон медиҳад, ки меъёрҳои Конститусия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилаии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеъ ва рушд ёбанд, албата ин ба рушди падидаҳони Конститусионӣ - ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Таҳқиқи инкишофу рушди падидаҳои Конститутсия ва конститусиониро дар низоми ҳуқуқ олимон ба чанд омил алоқаманд медонанд. Масалан академик Фозил Тоҳиров ёдовар шудааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “... асосҳои конститутсионии сохти иқтисодӣ ва иҷтимоии сиёсиро муқаррар намуда, дар қуллаи аҳроми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қарор гирифтааст”. Меъёрҳои онро дар давлати ҳуқуқбунёд бартарият дар муқаррароти қаблӣ донистааст.
Бешубҳа, бояд қайд намоем, ки мавқеъи баланди ҳар як Конститутсия ба он алоқаманд мегардад, ки он санади олии меъёрии ҳуқуқӣ аст, қувваи баландтарини ҳуқуқӣ, волоят ва бевосита амалкунӣ дар ҳудуди мамлакат дорад. Бинобар ин, тафовути давлати ҳуқуқбунёд аз навъҳои қаблии давлат маҳз дар ҳамин аст, ки пештар давлатҳои асрҳои миёна ва тоталитарӣ, алалхусус ба ҳаёти шахсии инсон дахолат менамуданд. Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳаёти шахсии инсон ва ҳуқуқҳои фитрии ӯ, ки аз фитрати инсон ҷудонопазир мебошанд, аз дахолати беандозаи давлат эмин аст. Ҳамзамон фаъолияти мақомоти давлатӣ дар давлати ҳуқуқбунёд, ба мақсади риояи талаботи меъёри зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом мепазирад ва баҳри таъмини дахлнопазирии шахсияти инсон роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли Конститутсияҳои дигари пасошӯравӣ, аввалин маротиба дар таърихи инкишофи Конститутсионӣ давлати ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон эълон гардида буд. Дар робита бо пазируфта шудани ғояи давлати ҳуқуқбунёд дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои давлатдории ҳуқуқбунёд эътироф шуданд.
Чунончи, дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқукҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.”
Ғайр аз ин, дар моддаи 14 Конститутсия гуфта шудааст, ки “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.”
Албата ин меёрҳои Конститусия, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ ҳисобида, дар беҳдошту рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд бартари дода шудааст, дар ҳаёти инсонӣ кафолатҳои беанзири ҳуқуқӣ маҳсуб меёбанд. Зеро ҳуқуқ ва озодии шахсӣ маҷмуъи ҳуқуқ ва озодиҳои таббӣ ва асосии ҷудонопазир мебошанд, ки инсон аз рузӣ таваллуд ва новобаста аз мансубияти у ба ин ё он давлат таалуқ дорад.
Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ бояд, озодӣ ва мухторияти фардии шахсро ҳамчун аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқии уро аз дахолати берунии ғайриқонунӣ таъмин намояд.
Вазифаи асосии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ аз он иборат мебошад, ки сараввал ҳуқуқ ба ҳаётро кафолат медиҳад ва ҳифзи фардро аз тамоми шаклҳои зуроварӣ, муносибати бераҳмона ё шахсияти инсонро таҳқиркунанда таъмин менамояд. Дуюм инсонро ҳамчун фард, шахсият, кафолати дахлнопазирии шахсии уро таъмин ва дахолат накардан ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии уро ба ҷо меоварад. Сеюм бо кумаки озодиҳои шахсӣ, озодии шахс таъмин карда мешавад.
Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, яъне ҳуқуқ ба ҳаёт муҳимтарин ҳуқуқи инсон, ба ибораи дигар ҳуқуқи фитрӣ ва ҷудонопазирии ҳар шахс эътироф шудааст. Ҳар фард аз лаҳзаи таваллуд ҳаққи зиндагони кардан дорад ва ин ҳуқуқ ба кафолати ҳуқуқӣ, ки дар моддаи 18-и Консититутсия муқаррар гардидааст, таъмин карда мешавад.
Муқаррароти рушди падидаҳои Конститутсионӣ – ҳуқуқӣ, ҳуқуқӣ зиндагии ҳар касро ба санадҳои муҳими байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро расман эътироф намудааст, низ дар бар мегирад.
Чунончӣ, мутобиқи моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар; “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”.
Мувофиқи моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии шахс кафолат дода шуда, дар баробари ин муқаррар карда шудааст, ки нисбати ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба таври пурра риоя ва таъмин карда мешаванд. Зеро санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, нисбат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон волоият дошта, баробари дар назди қонун қатъи назар аз миллат, нажод ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарҳуқуқии занон ва мардон, дахлнопазирии шахсият, кафолати ҳифзи судӣ, озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифода аз васоити ахбори омма, ҳуқуқ ба моликият ва мерос ҳамчун аслҳои муҳим пазируфта шудаанд.
Тибқи талаботи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд”. Волояти Конститутсия ва қонун нишонаи муҳими давлатӣ ҳуқуқбунёд мебошад, аз ин хотир риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи авалиндараҷаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳо ва шаҳрвандон онҳо мебошад.
Устувории сохтори Конститутсия асосан аз риояи ин санади меёрӣ – ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Вале дар ҷомеъ ҳастанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мақсад ва фаъолияти онҳо хилофи талаботҳои Конститутсия ё таҳдид ба меъёрҳои он аст.
Аслан риоя накардани меъёрҳои Конститутсия ба пешрафти ҷомеа монеъ гардида, ба нобоварии халқ нисбат ба устуворнокии қонунияти конститутсионӣ, талаботи ҳуқуқӣ, низоми давлатдорӣ асос гардида, ба бесарусомонӣ, маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оварда расониданаш мумкин аст.
Бинобар ин, волоияти қонун танҳо дар ҳолати нуфузи баланди қонун дар тамоми давлат имконпазир мегардад. Меъёрҳои қонун бояд дар тамоми қаламрави давлат ва аз тарафи ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, иттиҳодияҳои онҳо дақиқ ва якхела риоя ва иҷро гардад. Танҳо дар ҳамин ҳолат волоияти аслии қонун дар қаламрави давлат таъмин гардида, рушди конститусионӣ- ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон баланд мегардад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, фаъолияти худро дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст, ки ваколати он вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Конститусия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағийрнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст”.
Бинобар ин дар ҳама ҳолат, бо тақозои рушди ҷомеаи демократӣ, Конститутсия ба таври воқеӣ бояд сабзад, ҳам дар қонунгузории қабулшаванда ва ҳам дар таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ, дар ҳамаи қарорҳои ҳокимияти давлатӣ, дар ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Зеро Конститусия ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Ин ҳолати иқтидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи пурра татбиқ шуда метавонад ва ин мақсадҳои стратегии бо Конститутсия эълоншуда, ба рушду таҳкими давлатдорӣ, комёбии он мусоидат менамояд. Алакай Тоҷикистон ҳамчун кишвари мутамаддин ва ҳуқуқбунёд дар масири ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои худро гузошта, дар сатҳи байналмилалӣ мавқеашро устувор намудааст.
Хулоса, дар шароити ташшаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ, сулҳу салоҳ ва ваҳдати комилро дар Тоҷикистон барпо намуд.
Шарифбек Шарифзода
Сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи
ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксхо

 
Силкаҳои лозима