Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Нақши Палатаи ҳисоб дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявии кишвар бо мақсади пешниҳоди маълумоти беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба назорати истифодабарии маблағҳои гирифташуда ва харҷгардидаи буҷети давлатӣ ва идоракунии зарурии захираҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои аудиторӣ мегузаронад. Чорабиниҳои мазкур бо мақсади таъмини иҷрои арзёбии самараноку мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ, моликият ва захираҳои давлатӣ, инчунин, таъмини шаффофияти он дар вазорату идораҳо, марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронда мешавад.

Бар пояи иттилои сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб Валимат Мавлонзода, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ Палатаи ҳисоб 131 чорабинии аудиторӣ гузаронда, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 210,4 миллион сомонӣ муайян намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 62,5 миллион зиёд мебошад. Оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани он чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 208,9 миллион сомонӣ (ба буҷет 96,9, ба корхонаҳо 94,5 ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17,5 миллион сомонӣ) барқарор гардидааст, ки 99,3 дарсадро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 71,3 миллион сомонӣ бештар мебошад. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ тибқи чораҳои андешидашуда аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардидаи солҳои қаблӣ 1,7 миллион сомонӣ барқарор гардидааст.

Палатаи ҳисоб ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои ахборотӣ бо 1367 тавсияҳои судманд ирсол намуд, ки аз баррасии онњо 25 қарору фармоишҳо қабул гардида, 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, аз ҷумла 11 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод шуданд.
-Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ тибқи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, яке аз субъектҳои дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда мебошад. Бинобар ин, мо дар доираи меъёрҳои қонуни мазкур ва иҷрои барномаи давлатии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025)”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро ҷиҳати иҷрои талаботи стратегия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ таҳия намудааст, ки он аз 16 банд иборат мебошад, - гуфт Валимат Мавлонзода.
Ӯ афзуд, ки кормандони Палатаи ҳисоб дар заминаи иҷрои бандҳои нақшаи мазкур ва дар доираи ваколати худ оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро баҳри бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамаи ин амалҳо бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ равона гардида, дар оянда метавонанд, баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа нақши муҳим гузоранд. Бо назардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додааст.
Имрӯз бадтарин зарари коррупсия ба сохторҳои давлату давлатдорӣ – ин дар масири ҷомеа бедор кардани ҳисси нобоварӣ ба институтҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Зеро коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, аз рӯзи пайдоиши давлат, то ин дам ҳамқадами он мебошад. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ ин тавр аст? Ба ин савол ҷавоб хеле одист, зеро давлат ва мақомоти он ин ё он вазифаҳои амрдиҳиву танзимкунии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дошта, буҷет ва дигар захираҳои моддиро ихтиёрдорӣ мекунанд, ки бевосита барои ба вуҷуд омадани коррупсия замина шуда метавонад.
Воқеан ҳам, дуруст аст, ки коррупсия омили номатлубе буда, дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба мисли терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва ғайра таъсири манфии худро ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира ба ҳар як шаҳрванд мерасонад. Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кишваре нест, ки дар он коррупсия ҷой надошта бошад, яъне ин зуҳуроти номатлуб дар давлатҳои бузурги муттараққӣ ва ҳам тараққиёташон паст дида мешавад. Оқибати он умеди ҷомеаро ба оянда ва ҳисси боварии шаҳрвандонро ба қонунҳои давлат ва шахсони мансабдори давлатӣ коста мегардонад.
Бинобар ин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии худ, ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ кӯшиш менамояд, ки дар самти пешгирӣ ва бартарафнамоии коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, нақши созгор дошта бошад. Бовар дорем, ки кишвари мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда, ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин, иҷрои талаботи қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти пешгирию муқовимат бо коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.
Ҳамкориҳои тарафайн ҷиҳати пешрафти фаъолияти корӣ дар самти мубодилаи таҷрибаи давлатҳои пешқадам, оид ба аудити молиявӣ хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт Палатаи ҳисоб дар асоси созишномаҳо бо мақомотҳои олии аудити Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова, Белорус, Латвия, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрону Покистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии мардумии Хитой ҷиҳати мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ва тақвияти аудити берунаи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявию самаранокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои судманд доранд.
Гузашта аз ин, айни замон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бахши аудити давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Девони муҳосиботи Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Аудити генералӣ ва назорати Ҳиндустон ва Суди ҳисоби Туркия ба тасвиб расидааст, ки дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани нуфузи Палатаи ҳисоб дар арсаи байналмилалӣ, ба хусус дар доираи INTOSAI ва сохторҳои минтақавии он, тавассути иштироки фаъол дар фаъолияти мақомоти олии аудит дар минтақаи Осиёи марказӣ, ИДМ ва СҲШ мунтазам корҳо амалӣ шуда истодаанд.
Новобаста аз ин комёбиҳо ҷиҳати беҳтар гардондан ва ба талаботи замона мувофиқ намудан зарур аст, ки ҳар як корманди мақомоти давлатӣ, муносибати худро ба вазифаи хеш дар асоси талаботи қонун ба роҳ монда, баҳри пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза дар ин самт чораҳои зарурӣ андешем. Дар ин роҳ ҳамкориву дастгирии ҷомеаро тақвият бахшем ва аз таҷрибаи пешрафтаи мамлакатҳои хориҷӣ дар ин соҳа, инчунин ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми кишвар истифода барем.

Оламбегими НЕКҚАДАМ
Бознашр аз  „Ҷумҳурият“

Аксхо

 
Силкаҳои лозима