Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои бузургу беназир, ки ба халқи Тоҷикистон кардааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст.
Пешвои муаззами миллат, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Бо назардошти хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарафроз гардонида шудааст.
Бояд иқрор шуд, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти муназзами сиёсатмадории муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард. Ин таълимгоҳи сиёсии давлатдорӣ бо бартарию хусусиятҳои хоси худ дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкориро гирифта, эътирофи байналмилалиро касб намуд.
Дар ин мактаби бузург, ки хусусиятҳои хосси он бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гаштааст, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути ин боргоҳи сиёсии таълимӣ ба таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.
Маҳорати бузурги ин таълимгоҳи ҳунар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ шуда, дар таҳким ва густариши робитаҳо ва доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти беназир дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мароқи баланди сухандонӣ, сухансанҷиву суханронӣ ва иродаи мустаҳками роҳбарӣ, тавонист аз минбари баланди СММ ибтикороту ташабуссҳои худро дар симои Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон диҳад.
Иқдом ва ташаббусҳои ҷаҳонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим ҳамчун сиёсатмадори пешбари дараҷаи ҷаҳонӣ хело баланд аст. Тавре, ки худи Сарвари давлат таъкид менамояд, “Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон қарор дорад”.
Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон муаллифи чор ташаббуси бузург, аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт» солҳои 2005 - 2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор» солҳои 2018 - 2028 мебошад, ки аҳамияти глобалӣ доранд.
Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Пас аз талошҳои ҷоннисоронаи мардум бо роҳбарии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон” қабул гардид, ки дер боз онро тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстони бурунмарзии мо интизор буданд. Ин дастовард аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон саҳми таърихӣ гузошт.
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният, сулҳу субот дар Афғонистон масъалаи дигари муҳими аввалияи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бо иқдоми Пешвои миллат амалӣ гардидани таҷлили 1100–солагии давлати абарқудрати Сомониён ва 90 – солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров гувоҳи он аст, ки тоҷикон воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд.
Тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба сиёсати комили Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Бо назардошти ин иқдом як қатор ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ оид ба мероси мутафаккирони Аҷам - Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам ва ғайра дар кишварамон доир гардида, асолати аслии ислом ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шуд.
Бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд. Пешвои миллат аз ҳимоя ба дини ислом аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ хитоб намуда, терроризмро қотеъона маҳкум карда, иброз доштаанд, ки “террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дорад.
Ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ аз ҳадафҳои дигари пешбарандаи муҳими Роҳбари тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Қабули санадҳои муҳимтарини байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон онро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ ҳисобидааст, аз ҷумла Оинномаи СММ (соли 1945), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (соли 1948), Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия (соли 2003) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ идомаи иқдомҳои ҳуқуқтатбиқкунии башардустонаи Пешвои муаззами миллатро дар бар мегиранд.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳо аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ хеле баланд аст. Сохта ба истифода супоридани чандин иншотҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи «Ҷануб - Шимол», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA - 1000 ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, таҷдиди НБО «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идомабахши корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат мебошад.
Иқдомҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи илму маориф ислоҳот ва навсозиҳои босуръатро ба вуҷуд овард. Дар даврони соҳибистиқлоии кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Рушди соҳаи фарҳанг аз мадди назари Роҳбари давлат дур намонда, таъсису ташкили муассисаҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ташаббусҳои муназзами Пешвои милат дарак медиҳад.
Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани мусиқии «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан», ки дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шудааст, шоҳкориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.
Сиёсати дигари хирадмандонаи Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди солҳои тулонӣ муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кушодашавии сарҳад, сафарҳои байниҳамдигарии президентҳо, пайвандии хешу табори аз ҳам ҷудошуда, барқарор гардиданд, яъне кори амалинашаванда амалӣ гардид.
Воқеан ҳам, ташаббусҳои оқилона, озмудашуда ва мутавозини Пешвои миллат дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи рузафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Бо қадрдонӣ аз ин хизматҳо Пешвои муаззами миллат дар дохил ва берун кишвар барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани чандин унвону мукофотҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо», Ситораи тиллои Алберт Швейсер, Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср” - Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст”, ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон –Аҳмадшоҳи Масъуд”, Медали тиллоии давлати Миср, Ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.
Ин абармарди устувор, олиму оқил, фозилу хирадманд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дод, мардуми атрофашро муттаҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд, шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад.
Бо дарки ин муҳтаво ва олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашт.
Аз ин рӯ, заҳматҳои бузурги ин шахси нодир, далеру ҷасур ва қавиирода дар роҳи наљоти давлату миллат беандоза мебошад. Имрӯз хурду калони Тоҷикистон пешрафти таъриху тамадуни худро бо номи ин фарзанди фарзонаи миллати бузурги худ, ки дар наҷоти ин кишвар нақши ҳалкунанда гузоштааст, пайваст менамоянд. Чунки номи Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои муаззами миллат, раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дар мураккабтарин марҳилаи таърихӣ амиқ ҷовидон гардонидааст.
Муҷдаи корнамоӣ, ташаббус, фидокорӣ, вафодорӣ, сулҳофарӣ, қавииродагӣ ва мардонагию далерии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ болидарӯҳона истиқбол карданд. Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Қувайт Марзук Алӣ ал Шаним дақиқназарона зикр намудааст, ки «Мардуми дунё бояд аз шумо – тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон – Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».
Обтин Сосонфар (Швейтсария) дар меҳрномаии худ менависад: «Эмомалӣ Раҳмон аввалин фардест, ки миллати қадими худро ба ҷаҳон бо он доштаҳои худ, бо фарҳанги бузургаш муаррифӣ кард. Месазад, ки ӯро вориси хуҷастапаи соҳибони Авасто гуфт, месазад, ки ӯро нигаҳбони мероси ниёгони равшанзамир номид». Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд». Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин низ бо тақвияти ин суханҳо баён доштаанд, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чи ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои дигар халқу миллатҳо намунаи ибрат аст”.
Воқеан ҳам азхудгузаштанҳо, сарсупурдагӣ, ҷоннисориҳо ва фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат барои Ватану миллат, сулҳу субот, зиндагии осоишта ва беҳбуди ёфтани рӯзгори мардуми тоҷик дар таърих ҳамто надорад ва барои роҳбарони дигар давлатҳо намунаи сиёсат ва ибрат мебошад.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу муаррифӣ эҳтиёҷ надоранд. Ин абармарди тоҷик дар таърихи навини Тоҷикистон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки ҷиҳати эҳёи падидаҳои неку писандида, арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангии ниёгон хизматҳои пурарзиш кардаанд. Ҳар нафаре, ки аз сарнавишти печидаи халқи тоҷик воқиф аст, хизматҳои созандаи Сарвари давлатро мебинад ва медонад, бо хубӣ эҳсос менамояд, ки бе муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин фарзанди фарзонаи миллат, симои таърихии Пешвои миллатро дарк намудаем.
Зеро барои тасвири симои шахсе, ки халқи зиёда аз ҳазор сол пароканда, аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати мустақил, соҳибистиқлол ва соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон ба кафи даст ба миллат сулҳу ваҳдат ва амният овард, қудрат ва сиёсатро дар хидмати инсон гузошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, ҳатто садҳо рисолаву китобҳои бадеию илмӣ навиштану эҷод кардан кам аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди этирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Бовар дорам, ки оид ба сифатҳои Пешвои миллат боз асарҳои зиёд эҷод мешаванд, зеро дар ҳама соҳа ин шахсияти беназир саҳми шоиста доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти пешрафти ҳама соҳаро бар зиммаи худ гирифта, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо чораву тадбирҳои муассир меандешад.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Сарвари давлат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони хурраму фархунда ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асл Пешвои миллат, маҳбуби ҳама ва қаҳрамоне мебошанд, ки ният ва маромашон тинҷиву оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Бемуболиға бояд қайд намоем, ки натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ зиндагии оромонаро пеш мебаранд ва аз Сарвари давлату Пешвои миллат пайваста шукргузорӣ менамоянд.
Бо ин ҳама талошҳои Пешвои муаззами миллат, итминони комил дорем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст, зеро сиёсати пешгирифтаи Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон барои ояндаи тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ, амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа равона гардидааст.
Бинобар ин, ба унвони Пешвои миллат ном бурдан барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши шоистагӣ ва арзандагӣ дорад. Зеро кору амалҳое, ки аз ҷониби Роҳбари давлат дар ду даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ эҷод шудаанд, баробар ба асрҳо мебошанд.
Бо ин мақсад имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри ҳар қатра обу ҳар як зарра хоки ин сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, ба қадри ин шоҳкориҳои азими аср бирасем. Баҳри боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон сарбаландона фаъолият намоем. Истиқлоли давлатии Ватанро чун гавҳараки чашм ҳимоя сохта, аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ гирифта, баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони азиз дар паҳлуи Пешвои муаззами хеш содиқона хизмат намуда, бовафо ва бо қавлу амал бошем. Ватанро дӯст дорем, худшиносу худогоҳ бошем. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”.

Мақоми олии назорати молиявӣ - Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббусу иқдомҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҳамчун меваи даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст, дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро дар заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷорӣ роҳнамои кори худ намуда, ҷиҳати барқарор намудани маблағҳои буҷети давлатӣ, арзёбии мақсадноку самаранок истифода намудани маблағҳо ва захираҳои давлатӣ дар мамлакат нақши муҳим гузоштааст.
Бинобар ин бо қадрдонӣ аз ин ватану миллати бузурги хеш, мардуми шарифи Тоҷикистон набояд фаромӯш кунанд, ки муваффақиятҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба амал омаданд, ба ном ва хизматҳои шоёну беназири Пешвои муаззами миллат пайванд буда, дар китоби таърихи зиндагонии халқ солҳо сазовори эътимоду бовари боқӣ мемонад. Бифахранд, ки дар биҳишти руи дунё бо ном Тоҷикистон озодона зиндагонӣ менамоянд ва чунин Сарвари оқилу бохиради ҷонфидо доранд.
Сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи
ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарифбек Шарифзода

Аксхо

 
Силкаҳои лозима