Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Истиқлолият ва дастовардҳои муҳими он

Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон бо меҳнати шоиставу тафаккури волои сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои нодир ва руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандориву меҳанпарастӣ таҷлил менамоянд.
Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки давлату миллатҳои гуногун солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд харҷ намоянд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд.
Истиқлолият калимаест, ки бо ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос метавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд.
Истиқлолият моҳияти ҳастии озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлоли давлатӣ даст ёфтааст, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додааст, ки дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муайян пайдо кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Истиқлолиятро азизтарини неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдории бақои давлат номида, мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад: ба андешаи Роҳбари давлат «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Бояд қайд намоем, ки бо шарофати Истиқлолият муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.
Ба туфайли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатқарини тоҷик дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, техникаву технология, энергетика, тиб, иҷтимоиёт ва самтҳои дигар ба пирўзиҳо ноил гардида истодаанд.
Метавон қайд намоем, ки баҳри рушду нумўи созандагиву бунёдкорӣ, соҳибкорӣ дар шароити кунунӣ имкониятҳои фаровонро ба миён овард.
Истиқлолият ба мо пеш аз ҳама озодӣ дод, ки аз ҷумла он озодии пурраи фикру амал ва тафаккури шаффофи маънавию моддӣ мебошад, ки барои ҳар як инсон мисли обу ҳаво муҳиму муқаддас аст. Шукри беҳамтост, ки дар шароити истиқлолият зиндагиамонро бо ормонҳои худ мустақилона пеш бурда истодаем.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар интихоби касбу ҳунар ва ҷойи кор пурра озод намуд. Барои амалӣ гардидани орзуҳои ҳар як шаҳрванд шароиту имкониятҳои зарурии воқеиро фароҳам сохт.
Сол аз сол дар сатҳи олӣ таҷлил гардидани рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфтан шаҳодати он аст, ки мазмуну мўҳтаво ва аҳамияти он чӣ қадар бузургу беҳамто гашта истодааст, ки онро бояд ҳар кадоми мо қадршиносӣ намоем.
Аз ин лиҳоз мебояд, ки ҳар як фарди солим қоидаву қонунҳоро риоя намуда, ба касбу кори худ ва ба дараҷаи талаботи ҷаҳонӣ аз худ кардани тахассуси интихобкардааш машғул шавад, барои беҳбудии зиндагии аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, мутахассисони бомаҳорату донишманд ва шахсиятҳои хушодобу хушахлоқ, созандагони сазовори ҳаёти ояндаи ҷомеа шудани он азму талош варзад.
Дар ин замина, дар мадди аввал чунин дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар сию як соли Истиқлоли давлатӣ номбар карда шудаанд:
Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Сарвари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.
Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон.
Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.
Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
Панҷум, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Шашум, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.
Ҳафтум, ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат.
Ҳаштум, ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард.
Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар сию як соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сию як соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки Истиқлоли давлатӣ заминаҳои хуберо дар самти фаъолияти мақоми олии назорати молиявӣ-Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овард. Ин ниҳод меваи даврони истиқлолият буда, аз рӯзи таъсисёбӣ то инҷониб, ҷиҳати барқарор намудани маблағҳои буҷети давлатӣ, арзёбии мақсадноку самаранок истифода намудани маблағҳо ва захираҳои давлатӣ, тавонист нақши бориз гузорад. Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои аудиторӣ миллионҳо сомонӣ зарари молиявиро оид ба қоидавайронкуниҳо муайян ва ба буҷети давлатӣ барқарор карда шуд.
Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси давлатӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.
Бигзор, Истиқлолият барои ҳар шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад!

Сармутахасси шуъбаи ҳуқуқ Шаҳлои Қ.

Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ Солиев А.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима