Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ваҳдати миллӣ - беҳтарин дастоварди халқи тоҷик

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навин ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз, иттиҳодгари ҷовидонаи миллати куҳанбунёд шинохта шуда, баъд аз мухолифатҳои мусаллаҳонаи таҳмилӣ, миллатро ба шоҳроҳи ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ягонагии миллӣ раҳнамун кард. Ба шарофати ин ҳуҷҷати муҳиму таърихӣ миллати тоҷик роҳ сӯи эъмори давлатдории ҷадид пеш гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон созишномаи дорои аҳамияти бузурги таърихиро барои сарнавишти миллати тоҷик ва тоҷикистониён таъкид намуда, аз ҷумла, гуфтанд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созанд. Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».
Воқеан, ин санади муборак сол ба сол шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуда, аз лиҳози маънавӣ моҳияти нав касб мекунад ва дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон нақши ҷовидон мегузорад.
Ваҳдати миллӣ, бешубҳа, самараи талошҳои фидокорона ва ҷавонмардонаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароит фароҳам овард. Дар ҳассостарин лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллӣ ва қисмати мардуми Тоҷикистон ба бозии манфиатхоҳони динию мазҳабӣ гирифтор шуд, ин ҷавонмарди асил ба арсаи сиёсат ворид шуда, сарнавишту тақдири миллатро бар дӯш гирифтанд ва бо самимияти комил ба миллати ҷафодидаву овораи тоҷик паём доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам».
Маҳз ин паём чун пайки умеду боварӣ ба фардои дурахшони кишвар ва расидан ба шоҳроҳи тараққиро далолат менамуд, ки миллати тоҷик он солҳо аз ёд бурда буд. Мардум тарки хонаву кошона ва деҳу рустову шаҳру шаҳристон намуда, зиёда аз як миллион нафар хоки кишварҳои бегонаро барои худ паноҳгоҳ пазируфта буд.
Борҳо аз забони гурезагони иҷбории ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шунидаам, ки дар кишварҳои бегона паёми Сарвари давлатро бо ашки шодӣ истиқбол намуда, рахти сафар ба сӯи Ватан бастанд. Ин каломи Президенти мамлакат даъват ба Ватан буд, ки миллионҳо ҳамватани овораи моро ба хонаву кошонаашон овард.
Шоистаи зикр аст, ки тарҳи сулҳофаринии тоҷикон барои мардуми сайёра намунаи ибрат буда, аз ҷониби бузургтарин ниҳодҳои илмии ҷаҳонӣ таҳқиқ ва ҳамчун падидаи арзишманди сулҳофаринӣ эътироф шуда, аз имзои он 25 сол сипарӣ ва дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистон зери парчами сулҳу субот, ягонагию якдигарфаҳмӣ сӯи фардои дурахшон қадам мегузорад. Тӯли ин солҳо мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист аз қалби хеш кинаву кудурат, хашму нотавонбиниро дур сохта, ҷои онро бо меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат пур кунад.
Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли таърихи пурмоҷарову пурпечутоби ӯст. Аз хусуси ваҳдати миллӣ, вежагиҳову хуҷастагиҳои он хеле зиёд гуфтаву навишта шудааст. Имрӯз ҷои баҳс нест, ки дастоварди бузургтарини миллати мо Ваҳдати миллист.
Дар ин дунёи пурмоҷаро наметавон бе ваҳдати миллӣ ояндаи миллӣ ба даст овард. Ваҳдати миллӣ бовари мо, сипари мо, зафари мост. Ҳамин Ваҳдати миллӣ миллати мо, халқи мо, кишвари моро аз вартаҳои фалокатҳо наҷот дод. Таърих, қисмат, сарнавишт миллати моро ба ҷое овард, ки охирин умед, охири дасти наҷотбахши хирад дар канори вартаҳои нестиву ҳалокат ҳамин ваҳдати миллӣ буд. Ҳамин гулӯлае, ки ҳеҷ путку сандоне наметавонанд онро шикаст, ҳамин рӯдборе, ки ҳеҷ садде наметавонад роҳашро бубаст. Ҳамин ресмони ихлосу имоне, ки чун шарёни ниҳоди мо ҳеҷ боди фалокате онро наметавонад гусаст. Бале, наҷоти мо ваҳдати миллист!
Агар мо аз Ватани азиз ва муқаддаси худ, аз миллати некманиш ва хайртинати худ, аз мавҷудияти дурахшони ӯ умед дошта бошем, бояд ҳамин дастоварди бебаҳои худро мисли шарафи худ, мисли нангу номуси худ якдилу якҷон аз сари имон нигаҳбонӣ ва ҳимоят ва дар пояш ҷонфишонӣ кунем. Қалъаи амнияте, ки моро аз ҳама фалокатҳо дар канор хоҳад гирифт, ҳамин ваҳдати миллист.
Бояд шукри тақдир кард, ки хиради зотии мардуми мо дар лаҳзаҳои тақдирсозе, ки миллат дар вартаи фалокат қарор дошт, рӯ зад ва аз байни ин халқи куҳанбунёду маърифатпарвар шахсиятҳое бо чеҳраҳои дурахшон баромаданд, ки бо равшании ақлу заковату хиради зотиашон гӯшаҳои торики андешаву заковати моро мунаввар сохтанд ва аз ин роҳ имрӯз ба сӯи пирӯзиҳои миллӣ равонем. Дар муқоиса бо он рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандиву таҳдиди хатари нестӣ ва фоҷиаҳои хунбор имрӯз мо мебинем, ки миллати тоҷик бо сарварии Пешвои худ тавонист аз вартаи фалокат берун ояд, худро аз нав бунёд созад, эҳёи дубора ёбад, қомат афрозад, аз музаффариятҳояш ба ҷаҳониён муждаҳо диҳад. Дар тӯли таърихи кутоҳ мо аллакай дидем, ки Ваҳдати миллӣ чӣ меваҳои ширину гуворое метавонад ба бор оварад, чӣ дастовардҳои бузургеро насиби як халқ гардонад.
Воқеан қимату баҳои ваҳдат барои миллати мо, барои халқи тоҷик маҳз дар ҳамин ягонагӣ, дастҷаъмӣ, бо ҳам будан, ҳадафи бузурги ягона доштан аст. Вақте тамоми афроди як миллат ба ҳам меояд, дастгиру пуштибони ҳамдигар мешавад, як ҳадафи баланди миллиро пайгирӣ мекунад, ин нерӯи тавонову бешикастест, ки миллатро ҳамеша дар тӯли таърих пирӯзу сарбаланд нигаҳ хоҳад дошт. Таърих пуропур аз мисолу далелҳоест, ки миллати тифоқу сарҷамъ ҳамеша ғолиб ва миллати парешону нотифоқ ҳамеша саркӯб гардидааст. Таърихи миллати мо ҳам гувоҳ аст, ки ҳарчи ӯ дар тӯли сарнавишти гарони худ бохтааст, аз парешонӣ, аз нифоқу низоъи байнихудии маҳаллу қавмҳои ӯ, яъне аз адами ваҳдат будааст. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳиби Пешвоест, ки омилҳои номбурдаро сармашқи кори худ намудааст ва он пирӯзиҳое, ки халқи мо дар бунёди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи навини Тоҷикистон ба даст овард, маҳз бо риоя ва амалӣ намудани ин омилҳои тақдирсоз таҳти сарварии ӯ ба вуқӯъ пайвастааст.
Мо имрӯз хурду бузург вожаи ваҳдатро дар гуфтори ҳамарӯзаамон бисёр истифода мебарем. Ин вожа барои мо муқаддас аст, зеро дар он армони ҳазорсолаи халқи мо таҷассум ёфтааст. Ин вожа барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирӯзӣ, сериву пурии халқи мо марбут ба он аст. Ин вожа ҳамон офтоби дурахшонест, ки роҳи моро дар ҷодаҳои на ҳамеша ҳамвору на ҳамеша равшан мунаввар мекунад.
Инак, баъд аз асрҳо ба вуқӯъ пайвастани Ваҳдати миллӣ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷик на танҳо як намунаи амалӣ шудани армонҳои бузургони гузаштагон аст, балки боз гувоҳи он аст, миллати куҳанбунёду хирдпешаи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманди худ таҷрибаи нави сулҳу ваҳдатро эҷод ва амалӣ намуданд.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон падидаи нодиру навест дар таърихи навини мо, ки омӯзиши он ҳам барои дигарон ва ҳам барои таҳкиму пешрафти ваҳдати худи тоҷикон хеле манфиат дарад ва ин сабақест шоиста дар ҷодаи худшиносии миллӣ барои ҳам мо ва ҳам дигарон. Дар асоси ин сабақ метавон бардоштҳое кард, ки чӣ омилҳое метавонанд як халқ, як қавму миллатро ба ваҳдат расонанд.
Зарурати пойдории ваҳдати миллӣ, махсусан дар шароити ҳозираи ҷаҳон, ки бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ва авҷи носуботиҳо сайёраи Заминро ба хатари бурург мувоҷеҳ намудаанд, аҳамияти бузург пайдо кардааст. Аммо воқеияти замон шаҳодат медиҳад, ки суботу пешрафти давлати соҳибистиқлоламон то ба ҳол боиси рашку ҳасади баъзе аз неруҳои иртиҷоӣ мегардад.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.

 

Ҳасанзода Аслиддин,
сараудитори Палатаи ҳисоб

 

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима