Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Амалҳои коррупсиониро маҳкум бояд кард

Муқовимат ба коррупсия–фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
Гирифтан ва додани ришва дар ҳар шакле, ки набошад, пеш аз ҳама ба инкишоф ва тарақиёти кишвар, сипас ба нуфузу эътибори давлат латмаи ҷиддӣ мезанад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати мубориза бар зидди ин ин амали номатлуб бояд вазифаи аввалиндараҷаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ бошад.
Тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ моддаҳои махсус – моддаҳои 319 (гирифтани пора) ва 320 (додани пора) пешбинӣ гардидааст.
Инчунин дини мубини ислом низ порахӯр ва порадиҳандаро сахт маҳкум карда, шахсоне, ки чунин гуноҳро содир мекунанд, сазовори ҷазои сангин медонад. Тавре пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо (с) дар ҳадисе мефармояд: «Порахӯру порадиҳанда ҳар ду дар ҷаҳаннам аст».
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро 7-уми августи соли 2020 №1714 баррасӣ ва қабул кард.
Қонуни мазкур ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
Самтҳои асосӣ ва вазифаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистондар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани чорабиниҳои оперативи- ҷӯстуҷӯӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ рафъ ва фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти корупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд, гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти корупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди корупсия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия равона карда шудааст.
Раванди тақвият бахшидан ба фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ба мақсади паст намудани сатҳи он дар кишвар идома дорад ва ин бешубҳа ба рушду нумӯи мамлакат, баланд бардоштани обрӯю эътибори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат хоҳад кард.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима