Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъист

Дар замони муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳдид менамояд. То ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки ин ваборо пурра аз байн бурда бошад.
Тавре Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Зуҳуроти номатлуби дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, паҳн гардидани коррупсия мебошад. Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама нуфузу эътибори давлат ва хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад».
Бо назардошти хавфнокии баланди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар робита ба ин, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатие) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайриммодӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад.
Таҳияи чораҳои комплексии ташкилию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба пешгирии самаранок ва муассир, ошкор ва бартараф кардани коррупсия, ташкили муборизаи судманди он дар сатҳи баланди касбӣ нигаронида шудаанд. Ҳамзамон ба татбиқи чораҳои пешгирикунанда диққати махсус дода мешавад, ки ба баланд бардоштани фаъолнокии аҳолӣ дар мубориза бо коррупсия, фароҳам овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия ва бартараф сохтани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи он равона гардидааст.
Раванди тақвият бахшидан ба фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ба мақсади паст намудани сатҳи он дар кишвар идома дорад ва ин бешубҳа ба рушду нумӯи мамлакат, баланд бардоштани обрую эътибори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат хоҳад кард.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима