Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671

maosh

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 13 январи соли 2024 №5
ш. Душанбе

Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671

Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2024:
- маоши вазифавӣ (меъёрҳои тариф)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда шавад.

2. Аз 1 июли соли 2024:
- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40 дарсад зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 40 дарсад зиёд карда шуда, 620 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияи олӣ 1120 сомонӣ, категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1160 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шаванд;
- нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
3. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсияи (зиёдшавии) андозаи нафақаҳоро дар доираи маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъмин намояд.
4. Вазорату идораҳое, ки таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқро амалӣ менамоянд, нафақаро аз 1 январи соли 2024, ба истиснои нафақаи шахсоне, ки таъминоти пулӣ (музди меҳнат) бо асъори хориҷӣ мегирифтанд ва нафақаашон аз ҳисоби ин маблағҳо таъин гардидааст, бозҳисобӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои қарори мазкурро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатии соли 2024 барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинӣ шудаанд, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати норасоии маблағ барои фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои соҳаҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, маблағгузории онро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2024 барои ислоҳоти музди меҳнат пешбинӣ шудаанд, маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарфаи хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади иҷрои қарори мазкур то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 аз қабули буҷетҳои иловагӣ худдорӣ намуда, барзиёдии даромади буҷети маҳаллиро сарфа ва мақсаднок барои пардохти зиёдшавии музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда равона намоянд.
7. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати кормандони миёна, хурди тиб ва кормандони дигари дараҷаҳои 3, 4, 5, 6 ва 7 зиёдшавии музди меҳнатро дар ҳаҷми 40 дарсад муқаррар намояд.
8. Вазорату идораҳои соҳавӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳолати зарурат тартибу дастурамалҳои худро оид ба пардохти музди меҳнат бо дарназардошти зиёдшавии он дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ намоянд.
9. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти руҳсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигари марбут ба пардохти музди миёнаи меҳнат (ба ғайр аз нафақа) тибқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.
10. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 тавассути воситаҳои ахбори омма тадбирҳои амалӣ андешанд.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Аксхо

 
Силкаҳои лозима