Аз 30 октябр то 2 ноябри соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати намояндагони гурӯҳҳои кории Институти оинномавии молияи давлатӣ ва ҳисобдорӣ (CIPFA), Ташаббуси рушди ИНТОСАИ (IDI) ва Мақомоти олии аудит (МОА)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ва МОА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи “Ташаббуси глобалӣ оид ба ҳисоботдиҳии мақомоти олии аудит” (GSAI) доир шуд, ки дар он муовини раис Аҳмадзода Файзалӣ, сараудиторон Зафар Раҳмонзода, Маҳмурод Маҳмадализода, Аслиддин Ҳасанзода, Абдуқаҳҳор Мирзозода ва дигар шахсони масъули Палатаи ҳисоб, инчунин мушовирони аудити CIPFA Ваня Томева, Мартин Гримвуд, менеҷерони гурӯҳҳои GSAI, SPMR-и IDI Нозгул Албанова ва Нино Синтсадзе иштироки фаъолона доштанд.
Дар ибтидо, шиносоии гурӯҳи кории CIPFA, IDI ва МОА Ҷумҳурии Озарбойҷон аз натиҷаи фаъолияти МОА Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии минбаъда ва оид ба таҳияи стратегияю роҳҳои татбиқу ҳамкорӣ баҳри оянда сурат гирифта, ҳамчунин, коршиносон роҷеъ ба татбиқи нақшаи генералӣ, дурнамои татбиқи он, банақшагирии ҷузъҳои лоиҳа, аз ҷумла муайян кардани нақш ва масъулиятҳо барои шарикону муҳлати татбиқи онҳо ва дигар масоили барои тарафайн зарурӣ табодули афкор намуданд.
Дар хотима, муаррифии лоиҳа ба ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла шарикон, донорҳо, намояндагони шӯъбаҳои дахлдори ҳукуматӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷараён гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинӣ ҳамоҳангсозону менеҷерон ва дигар коршиносони масоили гуногуни ташкилотҳои дар боло зикршуда тавонистанд аз тариқи онлайн низ ширкат варзанд.