Рӯзи 8-уми марти соли равон Раиси Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ - Доктор Ҳуссам Абдулмуҳсин А. Аланқарӣ ҷиҳати имзои Ёддошти тафоҳум ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Сараввал, Қарахон Чиллазода, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати меҳмононро хуш омадед гуфта, ҷиҳати ташриф миннатдорӣ баён намуд.
Доктор Ҳуссам Абдулмуҳсин А. Аланқарӣ зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду ниҳоди олии аудит ба манфиати кишварҳои дӯсту бародар хоҳад буд.