Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Модар –офарандаи нуру зебогӣ

Рӯзи 6-уми марти соли равон, бахшида ба истиқболи Рӯзи модарон, ки 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, дар Палатаи ҳисоби ҶумҳурииТоҷикистон дар доираи васеи кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Қарахон Чиллазода ҳусни оғоз бахшида, мавқеи занонро дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки ҳастии башарият Зан – Модар аст, ки сарчашмаи меҳру муҳаббат, зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Бузургии Зан – Модар дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, бахшандаи насл буда, бо як даст гаҳвораро ҷунбонад - бо дасти дигар дунёро меҷумбонад. Зеро зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.
“Дар Палатаи ҳисоб низ қадрдонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бонувон эҳсос мегардад, зеро солҳои охир сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйин намудан ба ҳайати роҳбарикунанда гувоҳӣ ҳамин гуфтаҳо мебошад”. -зикр намуд Чиллазода.
Инчнунин, қайд гардид, ки бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст.
Гуфта шуд, ки мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.
Сипас, сараудиторону сардорони раёсатҳо бо матни табрикотӣ баромад намуда, зикр карданд, ки бигзор имсолу ҳама сол, эҳтирому гиромидошти Рӯзи модар дар саҳифаҳои таърихи рӯзгорамон ба гуфтор ва рафтору пиндори нек, дурандешиву хирадмандӣ, хоксорӣ, таҳаммулпазирӣ, миллатдӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ва меҳру вафо ба ояндаи бахту зиндагонӣ, панду ҳикмат ва сафои нури инсонӣ, ки хоси хислатҳои модарон аст, роҳнамову роҳбалад, намунаи ибрат ва бахти бузургу мояи ифтихори ватанамон боқӣ бимонад.
Дар хотима, як қатор бонувони Палатаи ҳисоб бо ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима