Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ташрифи сафири Арабистони Саудӣ ба Палатаи ҳисоб

Рӯзи 27-уми феврали соли 2023 Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Палатаи ҳисоб мулоқот карданд.
Дар вохӯрии мазкур, сафари қарибулвуқуи Ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ва боздиду мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум дар соҳаи аудит мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, оид ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори назар карда шуд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима