Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Палати ҳисоб дар соли 2022

Рӯзи 6-уми январи соли 2023 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳалимзод Абдураҳмон, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва доираи васеи кормандони Палата ҷаласаи солона баргузор гардид.
Ҷаласаро бо суханони ифтитоҳӣ Қарахон Чиллазода оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти мақомотро дар давраи соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сипас, муовини Раис, Файзалӣ Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб дар соли 2022 ба таври муфассал ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар фароварди ҷаласа, Ҳалимзод Абдураҳмон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зимни баромади хеш нишондиҳандаҳои Палатаи ҳисобро мусбӣ арзёбӣ намуд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима