Ба тоҷикӣ | На русском | In English

ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ТОҶИКИСТОН 11-СОЛА ШУД. Натиҷагирӣ аз 11 соли фаъолияти мақоми олии аудит

Рӯзи 12 декабри соли 2022 дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба ифтихори 11-солагии таъсисёбии Палатаи ҳисоби кишвар бо иштироки Қарахон Чиллазода, Раиси Палатаи ҳисоб, муовин, сараудиторон, сардорони раёсату шуъбаҳо ва доираи васеи кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал, Қарахон Чиллазода, ҳозиринро ба муносибати 11 - солагии Палатаи ҳисоб табрик карда, дар робита ба нақш ва зарурати ташкили Палатаи ҳисоб дар Тоҷикистон, ҳамчунин дастовардҳои он давоми 11 соли фаъолият суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки таъсиси Палатаи ҳисоб ин ифодаи иродаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳанӯз аз аввали солҳои 2000 сарчашма гирифта, ҷиҳати таҳкими низоми аудити мустақили беруна дар бораи таъсиси мақоми олии аудит замина гузоштааст.
“Афзалиятҳои аввалиндараҷа барои Палатаи ҳисоб такмили заминаи ҳуқуқӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани методологияҳои аудити молиявӣ, мутобиқат ва самаранокӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии аудит, инчунин то ҷашн 12 солагии Палатаи ҳисоб тасдиқ намудани рамзи Палатаи ҳисоб ва нишони сарисинагии “Аълочии мақоми олии аудит” ва роҳандозии технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ мебошад”, - зикр намуданд Қарахон Чиллазода.
  Сипас, Файзалӣ Аҳмадзода, муовини Раиси Палатаи ҳисоб зимни баромади хеш аз дастовардҳои кормандони Палатаи ҳисоби киҳвар изҳори қаноатмандӣ кардаа, зикр намуд, ки Палатаи ҳисоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини волоияти қонун, пурзӯр кардани интизоми иҷроия ва меҳнат, фаъолияти худро тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар намудани арзёбии истифодаи шаффофу мақсадноки Буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Дар идома, Файзуллозода Холназар, сараудитори Палатаи ҳисоб ва Хатича Раҳимзода, сардори раёсат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба буҷети давлатӣ ва иҷрои он баромад намуда, кормандонро ба фаъолияти пурсамар ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани арзёбии истифодаи шаффофу мақсадноки Буҷети давлатӣ даъват намуданд.
Дар охир, як қатор кормандон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима