Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Табрикоти Раиси Палатаи ҳисоб ба 30-юмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

Ҳамкорони азиз!

Таҷлили 30-юмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистони азизамонро ба Шумо ва аҳли хонаводаатон самимона табрику тањният гуфта, бароятон хушиҳои рўзгор, саодати умр ва шодиву нишоти зиндагиро таманно менамоям.
Бо шарофати Истиқлол ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлатдории нав, мустаҳкам гардонидани рукнҳои он дар заминаи арзишҳои миллӣ - ягонагии халқу мамлакат, бахусус барафрохтани Парчами ваҳдати миллию якпорчагии кишвар ҷомеаи моро ба сўи созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят намуд.
Ливои миллат - ин Парчами миллат мебошад, ки афрохта шудани он дар пойтахти кишварамон ба номи Пешвои муаззами миллат пайванди абадӣ дорад.
Ин дастоварди бузургӣ миллӣ, ки ба халқи мамлакатамон насиб шудааст, ба даврони соҳибистиқлолӣ мансуб буда, маҳсули бедорӣ ва кору пайкору ҷоннисориҳои Президенти мамлакат аст.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имсол Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунем.
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ шуд, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қабул гардидааст.
Вобаста ба ин санаи таърихӣ, 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Парчами давлатӣ дар даврони соҳибистиқлоли баробари дар маркази пойтахти мамлакат қомат афрохтан дар даҳҳо иншооти бузурги аср ва иншоотҳои муҳими истеҳсоливу иҷтимоии бунёд гардида, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат ва сокинони мамлакат мебошанд ва ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат, ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намудаанд, афрохта шудааст.
Ғайр аз ин, Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншоотҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, ба мардуми кишвар сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.
Парчами миллии Тоҷикистони азизи мо, ифтихор, нанг, шарафи ҳар нафар сокини кишвар буда, симои миллӣ ва сиёсии онро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки “Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.”
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангию маънавии миллӣ, гузашта аз ин эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.
Бинобар ин зарур аст, ки ҳар яки мо дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром дошта бошем. Ҳамеша, дар ҳама ҷо, онро пос дорем, барои ҳимоя ва поку муққадас нигоҳ доштани он, ба ҳама ҳастӣ омода бошем. Зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, ин пос доштани Ватан, падару модар ва таъриху сунатҳои халқи кишвари худ мебошад.
Аз ин лиҳоз фикр менамоям, ки дар баробари дигар рамзҳои миллӣ мо бояд ба Парчами давлатиамон арҷ гузорем, зеро ба ҷо овардани ин рамзи муққадаси миллӣ аз як тараф эҳтиром ва аз дигар тараф қарзи виҷдонии мо шаҳрвандони Тоҷикистон баҳисоб меравад.
Гузашта аз ин зарур аст, ки ин ҳисси эҳтирому ифтихор, муҳаббату садоқати ватандориро дар замири ақлу идроки фарзандонамон ҳамчун рамзи муққадаси миллӣ бедор намоем.
Боварии комил дорам, ки ҳамаи Шумо ҳамкорони азиз, ба хотири пешрафту ободии кишварамон ва баланд бардоштани мақому обрӯйи он Парчами миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамеша қадру эҳтиром менамоед.
Бо ин ҳама ниятҳои нек, ободию озодии кишвар, пойдории сулҳу осоиштагӣ ва саодатмандию давлатмандии Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ – рамзи муқаддаси давлати соҳибихтиёри тоҷикон самимона табрик гуфта, ба Шумо ва пайвандонатон тандурустиву сарбаландӣ, бахту саодат ва файзу баракат орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамкасбони азиз!

Аксхо

 
Силкаҳои лозима