Рӯзи 16-уми ноябри соли 2022 дар Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб ва доираи васеи кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Қарахон Чиллазода бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки бо гузашти 30 сол бидуни баргузории Иҷлосиси 16-уми Шӯрои Олӣ пойдории сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳифзи тамомияти марзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, рӯзгори пурсаодати мардум, ободиву бунёдкориҳои беназир, муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ ғайриимкон буд.
“Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати таърихиро ба зиммаи фарзанди фарзонаи миллат, шахси ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ он аст, ки дар марҳилаи навини таърихӣ абармарди дунёи сиёсат, шахсияти миллию мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гардид”, -қайд намуданд Чиллазода.
Сипас, Нураҳмад Ғанизода, сардори Раёсат оид ба масъалаҳои назорати буҷети соҳаи мудофиа ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб маърӯза намуда, зикр кард, ки дар таърихи навини давлатдориамон оғоз ёфтани боз як саҳифаи нав, яъне “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” собитгари ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан - Модар, иштироки фаъолу поквиҷдонона дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳар як инсон муттасил шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам овардан ва рушди бемайлони ҷомеа хоҳад буд.
Баъдан, Валимат Мавлонзода сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, Сокина Файзиддинзода ва Фарангис Сафарова, сармутахассисони Палатаи ҳисоб ҳозиринро табрик намуда, зикр карданд, ки мардуми шарифи тоҷик хуб дарк менамоянд, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари мо дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бахусус, раванди ноил гардидан ба ризояти миллӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳодисаи беназир маҳсуб меёбад, ки дар он саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст.
Дар фарҷом, Раиси Палатаи ҳисоб бори дигар кормандонро табрик намуда, ҷиҳати хизмати содиқона ва дар рушди иқтисоди кишвар саҳмгузор будан таъкид намуданд.