Муҳтарам аъзоёни ҳайати мушовара, ҳамкорони гиромӣ!
Пеш аз ҳама Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, бароятон саодатмандӣ таманно менамоям.
Боиси хушнудист, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 30 — солагии баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил менамоянд.
Бешубҳа, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои фараҳбахшу сарнавиштсози миллати куҳанбунёду давлати соҳибихтиёри мо маҳсуб ёфта, моҳиятан тулӯи офтоби бахти тоҷику тоҷикистониён аст.
Он ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро дар давраи ҷанги таҳмилӣ фароҳам овард.
Бо гузашти 30 сол метавон гуфт, ки бидуни баргузории иҷлосияи мазкур пойдории сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳифзи тамомияти марзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, рӯзгори пурсаодати мардум, ободиву бунёдкориҳои беназир, муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ ғайриимкон буд.
Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид. Ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар беқонунӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Дар он вазъияти шиддатноки сиёсию ҷамъиятӣ ягона умеди баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ ба таъҷилан даъват намудани Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон вобаста буд. Зеро дар он айём Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар чунин шароити душвори сиёсӣ, ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба кор оғоз кард.
Иҷлосияи таърихии XVI –уми Шӯрои Олӣ, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 идома ёфт ва новобаста ба ҳассосияти замон, шиддатнокии вазъ ва мавҷуд будани баҳсҳои тӯлонӣ, дар ҷараёни он қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул карда шуданд. Қатъи бетаъхири ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, аз вартаи нобудӣ наҷот додани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, барқарор кардани иқтисодиёти бар асари ҷанг зарардида ҳадафҳои асосии он буданд.
Он замон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ муайян намуд ва роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Вакилони мардумӣ дар ҷараёни Иҷлосия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, барои ҳимояи онҳо талош меварзиданд. Ҳамин буд, ки дар маҷмўъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст.
Иштирокдорони Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олӣ бо дарки масъулияти олии созандагӣ ба он ноил шуда тавонистанд, ки зимни қабули қарорҳо манфиати умумимиллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузошта шавад.
Яке аз муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл гардидани масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, ки ба таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии Ватан равона гардида буданд, ба шумор меравад.
Ба шарофати роҳи муайянкардаи Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ихтиёр карда, бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.
Ҳамчунин, эътироф бояд кард, ки он замон нафаре пайдо нашуд то зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, оташи ҷангро, ки рӯз то рӯз аланга мезад, хомӯш намояд, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз кунад ва умеди барбодрафтаи мардумро ба сулҳу якпорчагии Ватан эҳё созад.
Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати таърихиро ба зиммаи фарзанди фарзонаи миллат, шахси ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ — Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ он аст, ки дар марҳилаи навини таърихӣ абармарди дунёи сиёсат, шахсияти миллию мардумӣ — Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гардид.
Бо зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳавуллоти амиқ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқод ва ақидаҳои комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ омили асосии таъмину ақидаҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Бо сипарӣ гардидани 30 сол собит гардид, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ мебошанд. Дили соф, нияти нек ва иродаи хастагинопазири Роҳбари ҷавони меҳанпараст боис гардид, ки дар иҷрои рисолати таърихӣ комёб гарданд.
Дар ҳамон вазъияти барои миллату давлат фоҷиабор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоати хос ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадамҳои устувор гузоштанд.
Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басопурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузоштанд.
Ҳукумати навтаъсиси мамлакат таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад.
Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар чунин лаҳзаи ҳассостарини таърихӣ роҳбари боэътимоду ғамхор пайдо кард, зеро ин шахсияти бузург бо фаъолияти ҳамарӯзаи созанда собит намуд, ки боварии мардумро сазовор аст. Ӯ сулҳу оромиро ба кишвар бозгардонд ва миллати тоҷикро аз нав муттаҳид намуда, давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод
Хулоса, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ моро ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ҳидоят намуда, ба рушду такомули миллату давлат такони ҷиддӣ бахшид. Насли имрӯзаи кишвар бояд дарк кунанд, ки маҳз ҳамон иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон роҳнамоӣ кард.
Дар фарҷом бори дигар шуморо бо санаи муҳими таърихии 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, барори кор ва саодати бардавоми рӯзгорро орзумандам.