Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Табрикоти Қарахон Чиллазода, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсия

Муҳтарам аъзоёни ҳайати мушовара ва ҳозирини гиромӣ,

Шумо ва дар шахсияти Шумо ҳамаи пайвандонатонро ба муносибати иди бошукуҳи таърихӣ, ҷашни 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта бароятон саодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо таманно менамоям.
Дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Бистуҳашт сол қабл – 6 – уми ноябри соли 1994 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 – ум барои қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Бо қарори мазкур 6 - ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳарчанд дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул гардида бошад ҳам, тавонист дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам ҷой гирад. Зеро дар он давра кишвари соњибистиқлоли ҷавони моро имтиҳонҳои басо сахту сангин дар пеш буд ва мардуми Тоҷикистон бо сарбаландӣ аз ин имтиҳонҳо гузашта, бо ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои худ онро ҳифз намуданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки баъди ба даст овардани истиқлолият сар зад, оромии ҷомеа ва амнияти давлату халқро халалдор сохта, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ ва ба иқтисодиёти кишвар зарари бениҳоят вазнин расонид. Новобаста аз ин мушкилиҳо, мардуми кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми қонунгузории кишварро васеъ намуда, ба ваҳдати комили миллӣ ноил гардид.
Дар ин замина, бо қабули Конститутсия тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ғояҳои сулҳҷӯёнаи гузаштагонро пос медоранд. Дар ин хусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия ҳанӯз соли 2016 баён дошта буданд, «Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад».
Ҳамин буд, ки баъди қабули Конститутсия сатҳи зиндагии мардум дигар гардид. Конститутсия, халқи тоҷикро бо талошҳои пайдарпайи Президенти мамлакат ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳиб¬ихтиёр муаррифӣ намуд.
Бинобар ин, мо имрӯз дар Тоҷикистон бо шарофати қабули Конститутсия, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.
Ќабули Конститутсияи нав дар Љумњурии Тољикистон, таќсими њокимият ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судӣ, таъсиси нињоди президентї, парлумони дупалатагї ва Суди конститутсионї, инчунин бисёр равандњои дигари сохтори давлатї, асосан унсурњои пешрафтаи давлатдории кишварамон ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар як муҳлати кутоҳтарин бо қабули Конститутсия нав ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти мунтазами босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони мамлакатро бамаротиб баланд бардорад.
Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи устувори созандагиву рушд қарор дорад. Мардуми шарифи кишвар дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии кишвар бо қадамҳои устувор ба пеш мераванд.
Агар ба дастовардҳои бузурги таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем, мо бо ташаббусу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат дар ҳама самтҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаем, ки ин ҳама аз меъёрҳои қонуни асосии давлат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ҳамкорони азиз, набояд фаромӯш кард, ки дар ҷаҳон бисёр давлатҳое ҳастанд, ки солҳои тулонӣ барои қабули қонуни асосии худ, яъне Конститутсияи мамлакат, якпорчагӣ, ваҳдат, оромӣ ва истиқлолияти ватани худ саъю талоши зиёд карда, ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷониби дигар давлатҳои ҷаҳон эътироф нашудаанд ва Конститутсияи мустақили худро надоранд.
Рушди конститутсионӣ собит менамояд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар берун аз меъёрҳои Конститутсия наметавонад орому пурмаҳсул ҷараён гирад.
Аз ин лиҳоз, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Дар ин замина, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои Конститутсия, дигар қонунҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ваколатҳои бо қонун пешбинишударо дар соҳаи молияи давлатӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ менамояд.
Ҳамкасбони гиромӣ, 28 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарафи эҳтироми қонуни асосии давлат ва номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати ҳар яки мо ба ҳисоб меравад, бори дигар муборакбод гуфта, ба Шумо ва наздиконатон тани сиҳат, рӯзгори обод, хушбахтии оилавӣ ва дар хизмат барои Ватани азизамон ва ободии Тоҷикистон комёбиҳои беназирро таманно дорам!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Ҳамкасбони азизу меҳрубон.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима