Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Палати ҳисоб

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2022 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Қарахон Чиллазода, Раиси Палатаи ҳисоб, муовин ва доираи васеи кормандон чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст, баъди садо додани Суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолият ва пойдории миллат барафрохта шуд.
Баъдан, чорабиниро Қарахон Чиллазода ифтитоҳ карда, ширкаткунандагон ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин санаи сарнавиштсоз табрик намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик мебошад, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.
Инчунин зикр шуд, ки мардуми шарафманду заҳматкаши Тоҷикистон бо такя ба ақлу ирода, сабру таҳаммул ва ҳисси баланди милливу эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, бо дастгирӣ аз сиёсати дохиливу хориҷии давлати худ аз ҳамаи монеаву мушкилот сарбаландона мегузаранд.
Сипас, Шарифбек Шарифзода, сардори раёсати ҳуқуқи Палати ҳисоб баромад карда, зикр намуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуҳои наҷиби тулонии халқи шарифи тоҷик амалӣ гардид, миллати тоҷик аз шоҳроҳи худогоҳию худшиносӣ қадамҳои устувор бардошта, ба дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуд ва ҳамчун рукни комилҳуқуқ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
“Дар ин давра пояҳои соҳибистиқлолии давлат барқарору мустаҳкам шуд, ягонагии марзу буми кишвар таҳким ёфт, зиндагии мардум ба сулҳу ваҳдат ва шодию фаровонӣ расид ва фарҳанги деринаумри мо рушду нумӯи тоза пайдо кард”, - гуфт Ш. Шарифзода.
Дар идома, сараудиторон ва дигар кормандони Палатаи ҳисоб бо матни табрикотӣ баромад карда, ҳар яке дар алоҳидагӣ, ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки истиқлолият барои ҳар як шаҳрванди тоҷик, азизтарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат пиндоштанд.
Дар охир, Раиси Палатаи ҳисоб бо назардошти фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда доштан дар рушду инкишофи иқтисодии кишвар, дастовардҳои назарраси соҳа ва ба муносибати 31–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандон Ифтихорнома доданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима