Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Табрикоти Қарахон Чиллазода, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамкасбони гиромӣ!

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31-умин солгарди онро таҷлил менамоем, бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.

Ба ин муносибат Шумо ва дар симои Шумо хонаводаву наздиконро низ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, хонаободӣ ва саодати рўзгорро орзу менамоям.
Қайд кардан зарур аст, ки 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон гардид, ки ин бузургтарин дастоварди таърихи навини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Дар Тоҷикистони тозаистиқлол ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳидаи аз лиҳози сиёсӣ хеле заиф ва нотайёру вазифаталаб садди роҳи фаъолияти мақомотҳои давлатӣ гардида, барои ба даст овардани давлатдорӣ ба амалҳои ҷиноӣ машғул буданд.
Дар он давра доираҳои муайяни сиёсии минтақа, инчунин душманони дохилию хориҷии миллати тоҷик вазъияти баамаломадаро фурсати муносиб дарёфта, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ шароит фароҳам оварданд.
Мақсади онҳо якто – низоъҳои дохилиро ба ҷанг табдил додан ва ба ин восита аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кардани номи Тоҷикистон буд.
Маҳз бо таъсири ин неруҳо ва роҳнамоии хоҷагони хориҷии онҳо Тоҷикистон дар як замони кӯтоҳ ба гирдоби фалокатҳои азими сиёсӣ ва ниҳоят, ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ кашида шуд.
Ин ҷанг ба ғайр аз куштору ғоратгарӣ, вайронӣ ва парешонии миллат, муҳоҷирони зиёду ятимони бешумор, хонаҳои сӯхтаю валангор ва ноумедии зиёди одамон чизи дигар боқӣ нагузошт.
Бо дарки амиқи масъулият, эҳсоси дар вартаи ҳалокат қарор доштани давлату миллат ва ҳисси баланди ватандорию худшиносии миллӣ дар замоне, ки пойтахти давлат макони нооромию низоъи неруҳои мухолиф қарор дошт, ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд даъват карда шуд ва дар он бо интихоб шудани абармарди нотакрор, далеру шуҷоъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи чанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шурӯъ шуд.
Дар баробари ин, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа аз ҳадафҳои асосии иҷлосия буданд.
Ба бахти мардуми тоҷик, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори қабули дигар қарорҳои созандааш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард, ки дар он вақт на буҷет буду на мақомоти давлатӣ амал менамуданд. Ҳама фалаҷ гашта, ягона умеду орзуи мардум зинда мондан ва расидан ба сулҳу оромӣ буд.
Маҳз бо сиёсати некбинонаву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони тозаистиқлол дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба сарзамини мардуми сарҷамъу муттаҳид ва орому босубот табдил ёфт, балки дар қатори давлатҳои озод ва мақоми арзандаи худро пайдо кард.
Ҳамаи ин натиҷаи талошҳои ватандӯстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар атрофи сиёсати созандаву инсонпарваронаи ин шахсияти беназири таърихӣ муттаҳид гардидани мардуми кишвар мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои ин абармарди роҳи сиёсат ҳомии бо эътимоди миллат ва кафили ҳаёти осоиштаро дида, тақдири минбаъдаи худ ва Ватанро ба ӯ бовар карданд.
Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ қарор дошта, мардуми он зиндагии босаодат умр басар мебаранд.
Дар баробари ин, бо дарназардошти вазъи печидаву буҳронии ҷаҳон таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар мавриди аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат додани амалҳои созанда ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Мардуми шарафманду заҳматкаши Тоҷикистон бо такя ба ақлу ирода, сабру таҳаммул ва ҳисси баланди милливу эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, бо дастгирӣ аз сиёсати дохиливу хориҷии давлати худ аз ҳамаи монеаву мушкилот бо сарбаландӣ гузаштанд.
Гузашти айём собит сохт, ки халқ дар интихоби Сарвари бо заковати давлат, ҷонибдории сиёсати давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ хато накардааст.

Ҳамкасбони азиз!
Дар шароити ҷаҳони муосир ва бо дарназардошти ҳолатҳои пешгӯи нашаванда ба шумо муроҷиат менамоям, ки бо мақсади ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти марзу буми Ватани аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо дарки масъулият дар назди таърихи гузашта, зиндагии имрӯза ва тақдири наслҳои оянда дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири бунёди давлати воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи пешрафта сафарбар созем.
Зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил ва иттиҳоду сарҷамъии ҳамаи мо имкон дорад.
Бинобар ин бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, бахусус минтақа мо бояд ҳамеша зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва аз ҳама муҳимаш, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошему якпорчагии ватани азизамонро ҳифз намоем.
Бо ҳамин умед бо риоя ва таъмини волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ, амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳои беназир орзумандам.
Бори дигар Шуморо самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушбахтиву некрӯзӣ, ободиву осоиш ва барори кор орзу менамоям ва бигузор қувваву неруятон баҳри ривоҷу равнақ ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам афзун гардад.

Сиҳатманду сарбаланд бошед!

Аксхо

 
Силкаҳои лозима