Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб дар нимсолаи соли 2022

14 июли соли 2022 дар Палатаи ҳисоб бо иштироки Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, муовини Раиси Палата, Файзалӣ Аҳмадзода ва сараудиторони соҳавию шахсони масъули Палатаи ҳисоб ва доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Раиси Палатаи ҳисоб, Қарахон Чиллазода нишасти матбуотиро оғоз намуда, изҳор дошт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд ва нақшаи чорабиниҳои аудиторӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷумла, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки воситаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар нимсолаи якуми соли равон 89 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 158,8 млн. сомонӣ муайян намуд, ки теъдоди чорабиниҳои аудиторӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба миқдори 53 адад кам ва қоидавайронкуниҳои молиявии ошкоргардида ба маблағи 75,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии ошкоргардида, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 13,9 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 9,1 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 456,6 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 65,3 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 52,1 млн. сомонӣ пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 15.0 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 1,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 157,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 66,5 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 85,1 млн сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6,0 млн сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,2 фоизи маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил медиҳад.
Инчнунин тибқи қоидаҳои муқарраршуда дар ин давра аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 64 мавод ба маблағи 29,4 млн. сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ 52 мавод ба маблағи 24,6 млн. сомонӣ, Суди иқтисодӣ 1 мавод ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 3 мавод ба маблағи 355,2 ҳазор сомонӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 8 мавод ба маблағи 466,5 ҳазор сомонӣ, ирсол гардид.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 15 Хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 797 тавсияҳои судманд ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 15 қарору фармонҳо қабул гардида, 189 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, аз ҷумла 6 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ Чиллазода Қ. ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват ба ҳамкории наздик намуданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима