Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили бошукуҳи ҷашни Истиқлолият дар Палатаи ҳисоб

Рӯзи 6 – уми сентябри соли 2021 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис муҳтарам Қарахон Чиллазода ва ҳайати васеи кормандони Палатаи ҳисоб бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди садо додани Суруди миллии Тоҷикистон, Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Қ. Чиллазода баромад намуда, доир ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва нақшу мақоми он дар рушди давлатдории тоҷикон суханронӣ намуд. Номбурда аз ҷумла қайд кард, ки 30 сол муқаддам 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як ҳадафи олӣ ва пояи воқеӣ барои бунёди ҷомеаи навини демократии кишвар ба даст омад, ки аз ҳадафҳои таърихии дурандешонаи сокинонони ин марзи куҳанбунёд хабаррасон буд.
Қайд гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои кишвари мустақилу озоди мо - Тоҷикистон беҳтарин сарват ва устувортарин кафолати амнияти пойдории миллат, забон ва урфу анъанаҳои суннатӣ дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо мансуб меёбад.
Раиси Палатаи ҳисоб махсусан, қайд карданд, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ давлати мо рӯ ба тараққӣ оварда, ба пешравиҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷумла, тасмими ташкили Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани назорати молияи давлатӣ низ яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор меравад.
Баъдан, сармутахассиси Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб Тағойзода Дилафруз Саид суханронӣ намуда, аҳамияти Истиқлолияти давлатиро дар таҳкими давлат зикр намуд.
Номбурда гуфт, ки Истиқлолити давлатӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақо ва симои миллат, рамзи ҳувияти миллӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф дар баромади худ зикр намуд, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба ҳадафҳои созандаи хеш ноил мегарданд ва дар сатҳи байналмилалӣ нуфузи худро боз ҳам боло мебаранд.
Дар идома, сараудитори Палатаи ҳисоб Зафар Раҳмонзода, муовини сардори Раёсати Палатаи ҳисоб Хатича Раҳимзода ва сармутахассиси бахши кор бо ВАО С. Суярова баромад намуда, ҳозиринро ба мунособати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сипас, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Х. Муқимзода фармоишҳоро дар бораи сарфароз гардонидан ба рутбаҳои мушовири давлатӣ, бо “Ифтихорномаи Палатаи ҳисоб” ва ҳавасмандгардонии пулии кормандони техникӣ қироат намуд.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 нафар кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар фаъолияти корӣ бо рутбаҳои тахассусӣ сарфарозонида шуданд.
Мувофиқи фармони мазкур, Чиллазода Қ. -раиси Палатаи ҳисоб ба рутбаи мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аҳмадзода Ф.- муовини раис ба рутбаи мушовири давлатии дараҷаи 1сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон ба сараудиторҳои Палатаи ҳисоб, Ҳасанзода А., Алиаҳмадиён Р., Одиназода М., Раҳмонзода З., Файзуллозода Х. ва сардорони раёсатҳо Абдулқодирзда Х., Ғанизода Н., Самизода М., Мирзозода А. ва Исматзода А. рутбаи мушовири дараҷаи 2 дода шуд.
Баъди ин, раиси Палатаи ҳисоб бори дигар ба сухан баромада, ҳамаи кормандонро бори дигар ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барояшон оромию осудагӣ, саодатмандӣ, бахту иқболи баланд, шавқату ҳамдилӣ, комёбиҳои беназир, хушбахтӣ ва файзу баракати рӯзгорро таманно намуд.
Дар идомаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи Истиқлолият собиқадори Палатаи ҳисоб Мирзо А.С. бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидан бо тантана дар ҳузури кормандон ба нафақа гусел карда шуд.
Қайд гардид, ки номбурда яке аз кормандони поквиҷдон ва баландихтисоси соҳа буда, тӯли чанд сол дар Палатаи ҳисоб фаъолият намуда, имрӯз бо сари баланд ба нафақа меравад.
Дар охир, кормандони нави Палатаи ҳисоб, ки ба наздикӣ тибқи озмун ба кор ҷалб шуда буданд, дар ҳузури роҳбарият ва кормандон савганд ёд карданд.



Аксхо

 
Силкаҳои лозима