Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Идораи олии тафтиши Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

29 марти соли равон дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Идораи олии тафтиши Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба фаъолияти аудиторӣ ба имзо расонида шуд. Раиси Идораи олии тафтиши Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммаднаим Ҳақмал дар аснои ин сафар ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо ҳайати роҳбарикунандаи Палатаи ҳисоб мулоқоти судманд баргузор гардид.
Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, нахуст ҳозиринро бо фарорасии ҷашни байналмиллалии Наврӯз табрику шодбош гуфтанд.
Мавсуф зикр намуданд, ки ёддошти тафоҳуме, ки ба имзо расонида шуд барои фаъолияти пурсамари аудитории тарафҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошта, ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни мақомотҳои Олии аудити ҳар ду кишвари дусту ҳамсоя ҳамкории фарогиру созанда дар соҳаи аудит хеле муҳим мебошад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии тафтиши Афғонистонро аъзогӣ дар Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди ИНТОСАЙ, АСОСАЙ ва ЭКОСАЙ низ мепайвандад.
Миёни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии тафтиши Давлати Исломии Афғонистон имрӯзҳо дар доираи ин Ташкилотҳо робитаҳои хуби дӯстона ба роҳ монда шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи рушду густариши ҳамкорӣ, ки бо талошҳои муштарак ба даст омаданд, қаноатманд мебошад.
Вохӯрии ҷонибҳо дар фазои мусоид, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима