Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Палатаи ҳисоб

4-уми феврали соли 2021 дар Палатаи ҳисоб бо иштироки Раиси Палатаи ҳисоб, муовин, сараудиторон сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар шахсони масъул нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст 29 намояндаи расонаҳои хабарии дохиливу хориҷии мамлакат, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Душанбе», «Мир», радиоҳои «Ховар», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Озодӣ», агентиҳои иттилоотии «Ховар», «Россия сегодня», «Азия Плюс», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Фараж», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ», маҷаллаю хабаргузориҳои «Авеста», «Нам СМИ» ва «Спутник Россия» иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб дар соли 2020 ба таври мушаххас ҳисобот доданд. Зимни суханронӣ Чиллазода Қ. иттилоъ доданд, ки дар ин давра аз ҷониби Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон 272 чорабинии аудиторӣ гузаронида шудааст, зарари молиявӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 252,3 млн. сомонӣ ошкор гардид.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида, аз ҷониби масъулони Палатаи ҳисоб чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 227,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 103,7 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳо 76,1 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47,7 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 90,2% маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, аз ҷониби рӯзноманигорон роҷеъ ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳаҷми зарари молиявии ошкоргардида ҳангоми чорабиниҳои аудиторӣ ва барқарории маблағҳои ошкоргардидаи буҷети давлатӣ дар баъзе ташкилоту муассисаҳо, ҳолатҳои муҷозотгирии ашхоси муайяншуда ва дигар ҳолатҳои вобаста ба самти аудиторӣ дар ҷумҳурӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардид.
Дар ҳамин маврид масъулини Палатаи ҳисоб ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас, саҳеҳ ва қонеъкунанда доданд. Бояд гуфт, ки муколамаи роҳбарияти Палатаи ҳисоб ва намояндагони васоити ахбори омма дар ин нишасти хабарӣ дар фазои солим ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Дар охир Раиси Палатаи ҳисоб ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои иштирок дар нишасти матбуотӣ самимона миннатдорӣ баён намуда, ҳозиринро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима