13-уми январи соли 2021 дар Палатаи ҳисоб бо иштироки роҳбарият ва кормандон оид ба натиҷаҳои фаъолияти аудиторӣ дар соли 2020 ҷаласа баргузор шуд. Ҷаласа бо суханони ифтитоҳии Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон оғоз гардид, ки дар он аз натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар давраи соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 таъкид шуд. Зимни баромади худ муҳтарам Чиллазода Қ. вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон, беқурбшавии асъор, баста шудани сарҳадот миёни давлатҳо, болоравии арзиши молу маҳсулот, алалхусус маводи ғизоӣ, ки дар натиҷа як қатор мамлакатҳоро ба бӯҳрони иқтисодӣ оварда расонид, баён доштанд. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Абдурраҳмон низ ҳузур доштанд ва аз норасоию камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва роҳҳои ҳалли он ибрози андеша намуданд.
Муовини Раис Аҳмадзода Файзалӣ оид ба натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб дар соли 2020 ба таври муфассал ҳисобот пешниҳод намуданд. Сараудиторону сардорони воҳидҳои сохторӣ дар навбати худ вобаста ба самти фаъолияти хеш аз натиҷаҳое, ки дар рафти чорабиниҳои назоратӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва корхонаҳо давоми соли 2020 ба даст омадааст, дар алоҳидагӣ ҳисоб ҳисобот доданд. Дар ҳамин ҳол натиҷаҳои соли 2020 аз ҷониби Раиси Палатаи ҳисоб қаноатбахш арзёбӣ шуд. Муколамаи Раиси Палатаи ҳисоб бо сардорони воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисон асосан дар мавриди ҳолатҳои ошкоргардидани зарари молиявӣ дар буҷети давлат, хароҷоти ғайриқонунии маблағҳои буҷетӣ, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ аз буҷет, ҳаҷми барқарории маблағҳои буҷети давлатӣ ва саривақт барқарорсозии он ба буҷет сурат гирифт.
Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, Палатаи ҳисоб дар асоси нақшаи солона ҳар сол як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, фондҳои давлатӣ, ширкатҳои сармоягузорӣ, суғуртавӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои муштарак, бонкҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва ғайридавлатиро мавриди аудити молиявӣ қарор дода, инчунин саривақт хулосаи “Ҳисобот оид ба иҷроиши буҷети давлатии соли 2019” ва Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои он” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ирсол менамояд.
Чорабиниҳои назоратӣ дар бахши давлатӣ асосан бо мақсади ба таври самаранок ва мақсаднок истифода гардидани маблағҳои буҷети давлат ва пешгирӣ намудан аз хароҷоти ғайриқонунии маблағҳои буҷетӣ, ошкор ва пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва афзоиш додани ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷаласа инчунин роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳу сифати санҷишҳои аудиторӣ, шаффофияти чорабиниҳои назоратӣ, пурзӯр намудани низоми идоракунии молиявӣ, баланд бардоштани малакаи касбияти кормандон дар соҳаи аудит таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шуд.
Дар фароварди ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон ҷиҳати ноил гардидан ба дастоварду натиҷаҳои назаррас дар соли навбатӣ ба воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои нав дода, кормандони мақомотро бештар ба кирдори беғаразона, содиқона, ҳисси масъулиятшиносӣ ва риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои касбӣ ҳидоят намуданд.