12-уми декабри соли 2020 ба муносибати солгарди таъсисёбии Палатаи ҳисоб, ифтитоҳи Китобхона ва Маркази омӯзишӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Сипас, Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қ. ба муносибати солгарди таъсисёбии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуда, дар бораи таърихи таъсисёбии Палатаи ҳисоб, нақши он дар тақвияти рушди иқтисодиёти кишвар ва дастовардҳои беназири он дар давоми 9 соли фаъолият маъруза намуданд.
Тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи ҳисоб мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад. Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Тавассути гузаронидани аудит Палатаи ҳисоб ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани сарфанокӣ, маҳсулнокӣ ва натиҷанокии фаъолияти субъектҳои бахши давлатӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби Сараудитор – Файзуллозода Х. ва сардори Раёсат – Самизода М. доир ба фаъолияти пурсамари Палатаи ҳисоб шурӯъ аз таъсис то ба имрӯз ва аҳамияти хоси он дар ғанӣ гардидани буҷаи давлатӣ маърӯзаҳо қироат намуданд. Бахшида ба Иди касбии кормандони Палатаи ҳисоб ва фаъолияти пурсамар Раиси Палатаи ҳисоб ба 36 нафар рутбаҳои навбатии тахассусии хизмати давлатӣ ва ба 8 нафар Ифтихорнома тақдим намуданд.
Дар охир Раиси Палатаи ҳисоб ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи ин Мақоми олии аудит дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳозиринро ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ, интизоми хуби меҳнатӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ даъват намуда, ҷамъомадро пӯшида эълон карданд.