Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Нишасти матбуотӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 07.08.2024 бо иштироки зиёда аз 25 нафар намояндаи ВАО нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти Палатаи ҳисоб дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар оғози нишаст раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, фаъолияти Палатаи ҳисобро дар давраи ҳисоботӣ ба самъи иштироккунандагон пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти Палатаи ҳисоб дар нимсолаи якуми соли 2024, оид ба истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар вазорату идора, ташкилоту муассиса, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, миқдор ва намудҳои қоидавайронкунии молиявии муайянгардида, ҳаҷми барқарорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб саволҳо пешниҳод карда шуданд.
Роҳбарият ва кормандони масъули Палатаи ҳисоб ба пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ҷараён гирифт.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима