Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Шиносоии намояндагони ВАО-и мамлакат бо фаъолияти корӣ дар Палатаи ҳисоб

Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалисозии Нақшаи стратегиии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, инчунин қисмати “Ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор” (ВАО) дар соли 2024 санаи 17 майи соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо рӯзноманигорони расонаҳои давлатию мустақили минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва усулҳои таҳлил дар чаҳорчӯбаи “Стратегия оид ба ҳуқуқи инсон ва Нақшаи миллии амалишавии он барои солҳои 2023-2026, иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо намояндагони Воситаҳои ахбори омма пурсишномаҳо пешниҳод гардида, назари онҳо ҷамъоварӣ шуд.

Рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Палатаи ҳисоб, вазифа ва нақши ин ниҳоди басо муҳим дар арзёбии даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ истифодаи мақсадноку самараноки воситаҳои давлатӣ ибрози ақида намуда, таъкид доштанд, ки робитаи қавии Палатаи ҳисоб бо ВАО барои ҳар ду ҷониб ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар манфиатовар хоҳад буд.

Вохӯрӣ дар фазои мусоид, муколамаи созанда ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима