Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир гардид

Санаи 17 май таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дустмуродзода бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид. Дар кори машварат намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар машварати кори ба масъалаи назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани нақши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт изҳори назар карда шуд. Ҳамзамон барои тақвият додани ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо ва пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд, ки аз тарафи ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди қабул дониста шуд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима