Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Боздиди ҳайати кормандони Идораи аудити давлатии Ҷумҳурии Гурҷистон аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи қисмати якуми лоиҳаи дастгирии Палатаи ҳисоб барои солҳои 2023-2025, ки дар заминаи ҳамкориҳо бо GSAI амалӣ гардида истодааст бо ҷалби коршиносон аз Идораи аудити давлатии Ҷумҳурии Гурҷистон аз 15 то 17 апрели соли 2024 семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз ин тақвият бахшидани эътимод ва ҳамкорӣ байни ҷонибҳо гуруҳҳои кории Тоҷикистону Гурҷистон дар самти рушди аудити давлатӣ буда, дар аснои он табодули донишу афкору таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд мебошад.
Дар семинар омӯзиши зиёда аз 50 нафар кормандони Палатаи ҳисоб ва намояндагони Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳи Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии Мақоми Олии аудит шомил гардида, бо ҷалби шарикони рушд ба татбиқи амалисозии он саҳми арзандаи худро мегузорад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима