Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Палатаи ҳисоб

      Наврӯз аз шукӯҳмандтарин ҷашнҳои миллист,ки бо фарорасиданаш, фазои рӯзгори мардуми фарҳангпарвари мо пур аз шодмониву сурур мегардад. Наврӯз ба унвони аввалин рузи офариниши табиат ёдгоре аз таърихи куҳани мардуми тоҷик  маҳсуб меёбад.
     Ин ҷашни бостон дар рӯзгори мо ,пеш аз ҳама рамзи бақои зиндагиӣ, зебоӣ ва ҷавонии оламу одам аст. Ба ифтихори истиқболи шоиста аз ин ҷашни ҷаҳонӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии зебои фарҳангиро таҳти унвони “Наврӯзи хуҷаста” баргузор намуд.
     Сароғоз раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Чиллазода Қарахон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин рўзҳои нек расидем ва ҷашнҳои миллии мо аз нав эҳё гардида, ин ҷашни ниёгон мақоми байналмилалӣ пайдо намуд ва соли 2010-ум аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардида, дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврўз аз ҷониби воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб дастархони ҷашнӣ бо расму оини миллӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунару анъанаҳои ниёгонамон ороста гардонида шуд.
     Гӯшаи чорабинии ҷашнии Палатаи ҳисобро дастранҷи бонувони ҳунарманду соҳибистеъдоди воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб ба хубӣ оро медод.Наврўз ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ ва чун ҷашни таърихиву фарҳангии миллати мо бо анъана ва русму оини зиёде то замони мо расидааст.
    Ин ҷашни фархунда дар замони Истиқлоли давлатӣ чун як унсури ҳуввиятсоз дар бедорӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносии ҷомеа нақши муассир дорад.Наврўзи ҷаҳонӣ имрўз дар ҷаҳони розҳову ниёзҳои мардум як олами дигареро аз фараҳу хушиҳо эҳё кардааст.Фараҳу хушие, ки ҳамоҳанг бо осоишу ҳамбастагӣ ва ҳамдиливу саодати миллати мо аст.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима