Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили Рӯзи Модар дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 7-уми марти соли 2024 дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон коргарзанон ва дар симои онҳо, тамоми модарон ва бонувонро ба ин рӯзи муқаддасу пурифтихор табрику таҳният намуда, таманнои саломатӣ, хушбахтию хушҳолӣ ва рӯзгори босаодат орзу намуданд.
Дар ҷарраёни чорабинии бошукуҳ қайд гардид, ки оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар – нишонаи сарсабзии зиндагонӣ ва бахту иқболи баланди инсонӣ мебошад.
Ҳамчунин иброз намуданд, ки ки 8 – март, яке аз зеботарин ҷашни сол мебошад. Ин рӯзро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм ва хушҳоли пешвоз мегирем, зеро ин ҷашни хоси модарон – тарбиятгарони насли башар, офарандагони нуру зебогӣ ва покизагӣ маҳсуб меёбад.
Ҳастии башарият Зан – Модар аст, ки сарчашмаи меҳру муҳаббат, зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Бузургии Зан – Модар дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, бахшандаи насл буда, бо як даст гаҳвораро ҷунбонад - бо дасти дигар дунёро меҷумбонад.
Зеро зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.
Модар барои инсон аз лаҳзаи ба дунё омадан то нафасҳои охирин такягоҳ, умед ва ҷонбахш ба ҳисоб меравад.
Зан – модар дар ҳақиқат муқаддасу равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Ҳангоме, ки мо симои Модарро пеши назар меорем, аз вуҷудаш нур меборад. Ширинтарин ва лазизтарин сухане, ки ба забон меорем, ин Модар аст. Модаре, ки шабҳо дар бари гаҳвораи мо нишаста, алла мехонд, аз нотобии мо ранҷ мекашид, раҳпоӣ менамуд, мепухту мешуст, бо дастакони нармаш сари моро сила мекард. Меҳри беҳамтои ӯ ба мисли Офтоби тобон аст, ки тамоми оламро нурпошӣ менамояд.
Ишқу муҳаббати Модар ба мисли чашмаҳои пурҷӯше аст, ки дашту биёбонро сарсабзу шукуфон менамояд. Модар чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт ва чароғи хонадон буда, барои тарбияи фарзанд масъул мебошад.
Танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму зебо ва ақидаҳои шоистаи модар фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯю эътибори хонаводаро дар байни ақрабо, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд.
Модарони тоҷик нобиғаҳоеро, ба мисли Рӯдакиву Саъдӣ, Носири Хусраву Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафурову Айнӣ, Мирзо Турсунзодаю Шоҳтемур, Нусратулло Махсуму Эмомалӣ Раҳмон ба дунё овардаанд. Ба чунин модарон сари таъзим фуруд меорем. Онҳо фарзандонашонро бо умеди калон ба воя расониданд ва ин фарзандони бонангу номус баҳри Ватан ва халқ дар гузашта, имрӯза ва оянда хизматҳои арзанда намудаву менамоянд.
Модар тарбиятдиҳанда буда, нозукиҳои зиндагиро ба духтаронаш аз хурдсолӣ ёд медиҳад. Зеро духтар –модари оянда аст. Тарбиядиҳандаи насли нав мебошад. Ӯ бояд нозукиҳои хонаводагиро аз модар ё дигар аъзои калонсоли оила омӯзад, то дар оянда модари беҳтарин шавад. Модар маҳрами розу асрори фарзанд аст.
Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслӣ, яъне тарбияи насли наврас, ҷавонон ва насли ояндасоз инчунин парварандаи сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, яъне ободии ҷумҳурӣ саҳми босазою арзишманд дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувои лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Ҳамчунин нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ, инсондустиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгири кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст ва мову Шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба болоравии нақшу мақом ва фаъолнокии занон дар ҷомеа таъкид намуданд, ки “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.
“Модарону занон меҳрафзо ва машъали тобон, кадбонуи хонадон ва гармибхшояндаи ҳаёт ба шумор мераванд. Номи зан- модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан- модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд”.
Бонувони зебову нозанини Тоҷикистони азизамон таҷассумгари хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Дуруст аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба Модар муайян карда мешавад.
Мегўянд, ки агар хоҳи аз фарҳанги миллату давлате огоҳ бошӣ, ба чеҳраи бонувони он кишвар бингар.
Чеҳраи намоёни Шумо бонувони Палатаи ҳисоб имрўз намуна ва ибрате барои бонувон ва фарзандону наздикон аст.
Бигузор оташи фурўзони меҳру вафо ва гармии садоқати занону модарон ва дуои неки пурбаракати онҳо, манзилу макон ва рўҳу равони фарзандону пайвандонро нигоҳбон бошад.
Ин аст, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату идораҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва иҷроия барои баланд бардоштани мавқеи Зан-Модар аз ҳисоби бонувони болаёқат вазирону раисон ва роҳбарони мақомотҳо таъйин мегарданд ва онҳо аз иҷрои вазифаҳои ба души онҳо вогузор шуда, сарбаландона мебароянд.
Дар Палатаи ҳисоб низ қадрдонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бонувон эҳсос мегардад, зеро солҳои охир сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйин намудан ба ҳайати роҳбарикунанда шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ин ҳама ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони тоҷикро водор месозад, ки боз ҳам нақш ва рисолати худро дар ҷомеа ва оила муҳим донанду талошҳои бештаре дар тарбияи фарзанд, эҳтироми хонаводагӣ ва пешрафти кишвар дар пос доштани фарҳангу таърихи миллат, ки реша дар тарбияи хуби фарзандон дорад, дошта бошанд. Дар ин рӯзи пурифтихор аз ҷониби роҳбарият як қатор занону духтарони Палатаи ҳисоб бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.
Бигзор имсолу ҳама сол, эҳтирому гиромидошти Рўзи модар дар саҳифаҳои таърихи рўзгорамон ба гуфтор ва рафтору пиндори нек, дурандешиву хирадмандӣ, хоксорӣ, таҳаммулпазирӣ, миллатдўстиву ватанпарастӣ, садоқат ва меҳру вафо ба ояндаи бахту зиндагонӣ, панду ҳикмат ва сафои нури инсонӣ, ки хоси хислатҳои модарон аст, роҳнамову роҳбалад, намунаи ибрат ва бахти бузургу мояи ифтихори ватанамон боқи бимонад.
Бигзор, дилҳои Шумо бонувони азиз, ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад.
Ман ба ҳамаи ин бузургиҳо ба Шумо саломатӣ, умри дароз, бахту саодат, зиндагии хушу муҳабати пок ва фазилати неки инсониро таманно намуда, хоҳони бурдбориву некномӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ ва комёбию пирӯзӣ мебошам.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима