Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

   Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон оғоз гардида, зимни суханронӣ  иброз доштанд, ки натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан мебошад, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик санаи таърихии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёр таҷлил менамоянд. 

   Артиши миллии Тоҷикистон соли 1993 бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо ноорому мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай намуд. 

Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфта, ҳоло ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст. 

Бояд тазаккур дод, ки баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Сарвари давлат, сарфи назар аз ҳама мушкилот, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд. 

   Ҳамагон хуб медонанд, ки яке аз нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ буд. Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату ҳукумат маҳсуб шуда, таърихи таъсиси он ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ дорад. 

  Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан –Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

  Бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо, сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд қайд намуданд роҳбарияти Палатаи ҳисоб.

     Ҳамчунин зимни баргузории ҳамоиши мазкур кормандон аз ҳисоби бонувон баромад намуда, саҳми Артиши миллиро дар таҳкими сулҳу суботи сартосарии мамлакат  муҳим арзёбӣ намуда, барои тарбияи хештаншиносиву ватандустӣ ва пос доштани марзу буми ин сарзамини биҳиштосо тарбияи фарзандони содиқро вазифаи асосии худ шумурданд. 

    Дар фарҷоми чорабинӣ бори дигар, роҳбарияти Палатаи ҳисоб тамоми кормандонро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, дар роҳи ҳифзи Ватани муқаддас ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзӯ намуданд. 

 

Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон оғоз гардида, зимни суханронӣ  иброз доштанд, ки натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан мебошад, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик санаи таърихии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёр таҷлил менамоянд.

Артиши миллии Тоҷикистон соли 1993 бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо ноорому мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай намуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфта, ҳоло ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Бояд тазаккур дод, ки баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Сарвари давлат, сарфи назар аз ҳама мушкилот, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки яке аз нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ буд. Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату ҳукумат маҳсуб шуда, таърихи таъсиси он ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ дорад.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи​ Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу​ ваҳдати миллӣ​ —​ Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан –Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ​ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо, сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд қайд намуданд роҳбарияти Палатаи ҳисоб.

Ҳамчунин зимни баргузории ҳамоиши мазкур кормандон аз ҳисоби бонувон баромад намуда, саҳми Артиши миллиро дар таҳкими сулҳу суботи сартосарии мамлакат  муҳим арзёбӣ намуда, барои тарбияи хештаншиносиву ватандустӣ ва пос доштани марзу буми ин сарзамини биҳиштосо тарбияи фарзандони содиқро вазифаи асосии худ шумурданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бори дигар, роҳбарияти Палатаи ҳисоб тамоми кормандонро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, дар роҳи ҳифзи Ватани муқаддас ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ​ муваффақияту пирӯзиҳо орзӯ намуданд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима