Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Баргузории ҷаласаи Кумитаи роҳбарон оид ба марҳилаи якуми Лоиҳаи муштараки “Дастгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023-2025”

15 феврали соли равон нахустин ҷаласаи Кумитаи роҳбарон тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар кори он раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Кумита муҳтарам Чиллазода Қарахон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаноби Вугар Гулмамедов, директори байналмилалии Ширкати Британияи Кабир “СИПФА” Халид Ҳамид ва ҷаноби Эйнер Горисен директори кулли Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ - аъзоёни Кумитаи роҳбарон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарон, масъалаҳои мубрам аз қабили натиҷаи арзёбии самараноки фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ҳисобот оид ба натиҷаи марҳилаи якуми Лоиҳаи “Муштараки дастгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид. Маврид ба ёдоварист, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ ба Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии мақоми олии аудит шомил гардида, барои давраи солҳои 2023-2025 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар анҷоми вохӯрии имрӯза иштироккунандагон ба мувофиқа омаданд, ки вохӯрии навбатӣ 19 сентябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима