Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Вохӯрии навбатии намояндаи Ташаббуси рушди Интосай бо тими идоракунии Лоиҳаи “Рушди институтсионалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Соли 2022 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии мақоми олии аудит (GSAI), ки дар доираи ҳамкории INTOSAI ва шарикони рушд ташкил шудааст, шомил гардид.
Ҳадафи Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии нињодњои олии аудит (GSAI), аз дастгирии миёнамуҳлат ва дарозмуддат барои як қатор МОА, ки дар шароити душвор фаъолият мекунанд, иборат мебошад.
Дар ин замина, рӯзҳои 1 ва 2 феврали соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои навбатии намояндаи IDI Назгул Албанова бо тими идоракунии Лоиҳаи “Рушди институтсионалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар аснои он омодагиҳо ба ҷаласаи Кумитаи роҳбарон, ки санаи 15 феврали соли равон пешбинӣ гардидааст, инчунин таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдрас менамоем, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии мақоми олии аудит (GSAI) созишномаи ҳамкориро бо шарикон барои солҳои 2023-2025 ба имзо расонид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима