Ба тоҷикӣ | На русском | In English

"Мулоқот бо намояндаи IDI дар доираи Ташаббуси глобалии ҳисоботдиҳии МОА (GSAI) оид ба тақвият бахшидани иртибот бо ҷонибҳои манфиатдор"

Ҳадафи Ташаббуси глобалии ҳисоботдиҳии МОА (GSAI) дастгирии миёнамуҳлат ва дарозмуддат барои як гурӯҳ Мақоми олии аудит, ки дар шароити душвор фаъолият мекунанд, мебошад.
Ташаббуси мазкур аз Ҳадафҳои Рушди Устувор маншаъ гирифта, ҳадафи он тавонмандсозии МОА кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ тавассути дастрасӣ ба дастгирӣ ва татбиқи барномаҳои рушд, ки бо нақшаҳои стратегии онҳо мутобиқ карда шудаанд, равона карда шудаанд.
Ҳафтаи равон вохӯриҳои навбатии намояндаи IDI Нино Цинтсадзе, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад бо ҳайати гурӯҳи кории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи «Муошират ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷонибҳои манфиатдор» баргузор гардиданд.
Интизор меравад, ки ин ташаббус ба МОА имкон медиҳад, то тавоноии худро идома диҳанд ва ба сатҳҳои нави тавонмандӣ ва иҷрои устувор ноил шаванд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима