Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Ҳамкориҳои Палатаи ҳисоб самарабахш мегарданд

Ҳафтаи равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ёддошти тафоҳуми чорҷониба оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ширкати байналмилалии машваратии Британияи Кабир (СИПФА) ва Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ, ки Палатаи ҳисоб ба гурӯҳи Ташаббуси глобалии ҳисоботдиҳии мақомоти олии аудит (МОА) шомил гардидааст, вохӯрии нақшавӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи Швейтсарӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар кори он, ки бо иштироки роҳбарияти Палатаи ҳисоб таҳти сарварии раиси он Қарахон Чиллазода, намояндаи Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ Назгул Албанова, роҳбари шуъбаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо Марк Бухман, директор ва консули Идораи Швейтсарӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Салом Штaйб ва намояндагони воситаҳои ахбори омма сурат гирифт, масъалаҳои мубрам бо мақсади дастгирии Палатаи ҳисоб ҷиҳати рушди фаъолият мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳозирин аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн изҳори хушнудӣ намуда, барои самарабахш гардонидани онҳо пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд. Дар чорабинӣ ҳамоҳангсозу менеҷер ва дигар коршиносони масоили гуногуни ташкилотҳои дар боло зикршуда тавонистанд аз тариқи онлайн низ ширкат варзанд.

Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори омма

Аксхо

 
Силкаҳои лозима