Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Палатаи ҳисоб

24 ноябри соли равон кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди қабули Парчами давлатиро, ки яке аз ҷашнҳои муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии мамлакат ва дар фазои орому созандаи кишвар ботантана таҷлил намуданд. Зимни ҷамъомади тантанавие, ки ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи ниҳоди болозикр доир гардид, раиси мақоми олии аудити мамлакат Қарахон Чиллазода дар ибтидои суханрониашон ҳозирин ва дар шахси онҳо ањли хонаводаашонро самимона табрик гуфта, рӯзгори ободу осударо хоҳон шуд.
Ӯ, ҳамчунин зикр кард, ки соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр зимни Раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишвар, дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ, ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллӣ дарҷ гардид. Ҳамакнун, 31 сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллӣ дар ҳама гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам, баробари садо додани Суруди миллӣ, барафрохта мешавад. Он ҳамчун рамзи давлатдорӣ баёнгари ҳувият, таъриху моҳияти давлат ва далели возеҳи соҳибватанӣ мебошад.
Раиси Палатаи ҳисоб ёдовар шуд, ки қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардум тавони тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт. Таҳти парафшонии он сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин гардид.
Бо шарофати соҳибстиқлолӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлатдории нав, мустаҳкам гардонидани рукнҳои он дар заминаи арзишҳои миллӣ - ягонагии халқу мамлакат, бахусус барафрохтани Парчами вањдати миллию якпорчагии кишвар љомеаи моро ба сўи созандагиву бунёдкорињо њидоят намуд.
Ба андешаи Қарахон Чиллазода, ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳо ҳазор абармарди дигар мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллат барои ҳифзи ному нанг, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардумӣ ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисорӣ кардаанд. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад. Инчунин, вазифадор ҳастем, ки дар зери Парчами давлатӣ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Баъдан, кормандони масъули Палатаи ҳисоб Асозода Самаридин, Рамазонзода Беҳруз, Нурализода Гулбаҳор ва Қодирзода Фаридун роҷеъ ба таърихи парчам, соҳиби парчамҳои гуногун дар шаклу шамоили мухталиф будани ниёгонамон аз замонҳои пеш аз милод, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амсоли инҳо ҳарф зада, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бахту иқбол ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод амнияту осоиш ва рушди устувор орзу намуданд.
Ҳамчунин, қайд шуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ қабул ва бо мақсади гиромидошти он 20 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид.
Гузашта аз ин, 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, ҳамон сол баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон дониста мешуд ва ба китоби "Рекордҳои Гиннес" ворид гардид. Баъди се сол дар Арабистони Саудӣ 5 метр баландар аз пояи парчами мо сохта, дар ин масъала мақомҳои ифтихории баъдиро кишварҳои Туркманистон бо пояи парчами 133 метра, Қазоқистон -111 ва Қирғизистон бо пояи ливои 75 метра ишғол менамоянд.
Дар хотима, ҳама орзуманди он шуданд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишвар то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон бошад.

Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори омма

Аксхо

 
Силкаҳои лозима