Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябрро Рӯзи Президент муайян ва дар ҳамин рӯзи соли 1992 Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум расман ба кор оғоз кардааст. Маҳз ба ҳамин хотир 15 ноябри соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони масъули мақоми олии аудити кишвар иштирок намуданд.
Баъди садо додани Суруди миллии кишвар раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои дар боло зикршуда самимона муборакбод гуфт ва ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосоямон сулҳу сафои комил ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаро таманно кард.
Дар идома доир ба паҳлуҳои гуногуни моҳият ва аҳамияти рӯйдодҳои таърихии баёнгардида изҳори назар карда, аз ҷумла, гуфт, ки маҳз таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Сарвари давлат интихоб гардиданд, дар роҳи бунёди давлати демократии дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва миллӣ гомҳои устувору қавӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, инчунин Конститутсия ва пули миллӣ гардид, Артиши миллӣ таъсис додаву устувор намуд.
Ба андешаи Қарахон Чиллазода, натиҷаи сиёсати бобарору хирдамандонаи Пешвои миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ ҷомеа рушду нумуъ кард. Барои мисол, дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат тайи бисту ду соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт 7,5 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 115,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд. Давраи зикршуда сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 22,5 дарсад дар соли 2022 коҳиш дода шуда, ҳар сол сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд мегардад. Танҳо дар панҷ соли охир даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовард ва нишондиҳандаи беҳтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар зарфи беш аз се даҳсолаи охир зиёда аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ бунёд гардида, бештар аз 2 400 километр роҳҳои замонавӣ сохта шуданд.
Раиси Палатаи ҳисоби мамлакат ба ин назар аст, ки дар шаҳру деҳоти мамлакат қомат афрохтани садҳо бинои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият пардохтани корхонаву коргоҳҳои самти фаъолияташон гуногун, бунёди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ, азнавсозии роҳу пулҳо маҳз хизматҳои бузург ва таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сохтмони бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ бо қудрати беҳамтои руҳиву равонии бузургтарин фарзанди нобиғаи даврон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, алҳол бо суръати баланд идома дорад.
Роҳбари мақоми олии аудити мамлакат инчунин иброз дошт, ки Сарвари давлат баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, барои баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми назаррас доранд. Дар ин радиф, бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурнигаронаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкориро бо шарикони байналмилалӣ ҳамчун узви фаъол амалӣ намудааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон эълон гардидани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 - Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2013 - «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Солҳои 2018 – 2028 – Солҳои об барои рушди устувор», 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» тасдиқи гуфтаҳои болост.
-Аз ин рӯ, -афзуд Қарахон Чиллазода, -дастоварду пирӯзиҳои бесобиқаи замони соҳибистиқлолӣ мардуми соҳибтамаддуни тоҷикро бояд водор намояд, ки беш аз пеш, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, фазои орому осуда, давлати соҳибистиқлол, Ватани азизу соҳибихтиёр ва Пешвои дилсӯзу ғамхор, баҳри ноил гардидан ба навгониҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ содиқона заҳмат кашида, бо ифтихори баланди ватандорӣ озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз намоянд, Ватани маҳбубамонро ободу пешрафта гардонида, обрӯю нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд.
Сипас, кормандони масъули Палатаи ҳисоб Ғанизода Нураҳмад, Асозода Самариддин, Абдуқодирзода Хурсанд, Сафарзода Фарангис ва Эмомзода Фируз бобати нақшу мақом, рисолат ва манзалати волои Президети мамлакат ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ андешаронӣ карда, пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд. Минҷумла, таклиф ба миён гузошта шуд, ки зимни машғулиятҳои омӯзишии Палатаи ҳисоб (ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе доир мегаданд) дар бобати мактаби бузурги роҳбарию давлатдории Пешвои муаззами миллат барномаҳои мукаммали таълимӣ роҳандозӣ ва барои омӯхтани таърихи навини Тоҷикистон, садоқат ба Истиқлолияти давлатӣ, поси хотири фарзонафарзандони миллат ва иззату икром ба иштирокдорони иҷлосияи тақдирсоз «Энсиклопедияи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мураттаб гардад. Инчунин, ҳамвора таърихи муосири мамлакатро низ дар Донишномаи «Википедия» хазинаи «Яндекс»-у "Гугл" саҳеҳ бояд ҷой дод. Инчунин, азбаски Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ асоси зербинои Истиқлолияти давлатӣ буда, он пораи таърихи муосир аст, “Қасри Арбоб” ба «Осорхонаи миллии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ» табдил дода шавад, аз аҳамият холӣ нест.
Дар охир раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода роҷеъ ба муҳимияти баъзе аз масъалаҳои корӣ андеша ронда, доир ба ҳалли бечунучарои онҳо ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО