Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Мақоми олии аудит дар нимсолаи якуми соли равон ба маблағи 96,9 млн. сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро муайян намуд

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 ва Нақшаи ташкилу гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз 10 июли соли 2023-юм, 11 августи соли ҷорӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Онро раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода ҳусни оғоз бахшида, сипас, бо ҷамъи ҳамкорон аз ниҳоди зери тобеаш ба пурсишҳои сершумори журналистон пешниҳодкарда посухҳои қаноатбахш гардониданд.
Асосан, аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти Палатаи ҳисоб дар нимсолаи аввали соли 2023, истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар вазорату идора, ташкилоту муассиса, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023 №586, инчунин ҳаҷм ва намудҳои қоидавайронкуниии молиявии муайянгардида, ҳаҷми барқарорӣ, ҳолатҳои қарздории музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, қабули Қонун “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб саволҳо пешниҳод карда шуданд. Дар посух ба онҳо, аз ҷумла, қайд гардид, ки бо мақсади баҳодиҳӣ ба иҷрои саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва арзёбии истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ, амвол ва захираҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идора, марказ ва гурӯҳҳои татбиќи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар нимсолаи якуми соли равон 72 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ќоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 96,9 млн. сомонӣ муайян намуд. Аз ин ҳисоб хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 9,2 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ - 7,5, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ - 8,1, талафи воситаҳои пулию молӣ - 6,8, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо - 31,4, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет - 31,0, пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуќдошта 2,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 529,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешидашуда, ќоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблаѓи 84,5 млн. сомонӣ, аз љумла ба буљет - 52,5 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо - 15,8 ва тавассути маќомоти ҳифзи ҳуќуќ 16,2 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 87 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.
Дар рафти чорабиниҳои аудиторӣ бақияпулиҳои ба буҷет воридкардашуда 2,2 млн. сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор - 4,1, аз ҳисоби дигар манбаъҳо 17,5 млн. сомонӣ ва қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобӣ ба маблағи 7,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳо барқарор гардида, маблағгузориҳои сметаи хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба қадри 271,0 ҳазор сомонӣ ва қарзҳои беасоси кредиторӣ ба андозаи 992,4 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Инчунин, аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатӣ ба андозаи 70,7 ҳазор сомонӣ ва истифодаи ғайрисамараноки воситаҳои давлатӣ ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ муайян гардид.
Дар самти масъалаҳои баҳодиҳӣ ба иҷрои буљети давлатӣ дар 13 сохтори вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 25 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблаѓи 16,8 млн. сомонӣ муайян гардид, ки аз он 8,4 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.
Ҳамчунин, дар асоси дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аудити молиявӣ дар баъзе аз муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, ќоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ муайян ва барқарор гардид.
Тибқи нақшаи корӣ ва мурољиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ дар 17 субъекти хоҷагидории давлатӣ гузаронида шуда, ќоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ муайян карда шуд. Дар натиҷаи муроҷиати асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳои аудиторӣ дар 8 субъекти хоҷагидории ғайридавлатӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 22,7 млн. сомонӣ муайян ва аз ин ҳисоб 18,0 млн. сомонӣ барқарор гардид.
Ҷиҳати таъмини арзёбии истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ људогардида чорабиниҳои аудиторӣ дар 10 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ гузаронида шуда, ба маблағи 2,6 млн. сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ муайян ва барқарор карда шуд.
Тибқи қоидаҳои муқарраршуда, аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 31 мавод ба маблағи 50,2 млн. сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба мақомоти Прокуратура 18 мавод ба маблағи 24,6 млн. сомонӣ, мақомоти Суди Олии иқтисодӣ 1 мавод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 2 мавод ба маблағи 338,0 ҳазор сомонӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 10 мавод ба маблағи 25,2 млн. сомонӣ ирсол гардид.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо 13 хулоса бо 492 тавсияи судманд ирсол карда шуда, 17 қарору фармон қабул гардид, ки 77 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 5 нафар аз вазифа сабукдуш гардидаанд.
Палатаи ҳисоб узви комилҳуқуқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии мақоми олии аудит буда, дар асоси созишнома бо мақомоти олии аудити давлатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова, Беларус, Латвия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Покистон, Афғонистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ва тақвияти аудити берунаи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявию самаранокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Зимни нишаст, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ҷараён гирифт, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода иштирок доштанд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима